Пурсиш ва посух



  • Оё шахсони воқеӣ метавонанд маблағро бо асъори хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол намоянд?
  • Интиқоли пулиро дар дохили ҷумҳурӣ чӣ гуна бояд гирифт?
  • Чӣ гуна интиқоли пулиро бояд қабул кард?
  • Интиқоли пулиро дар дохили ҷумҳурӣ чӣ гуна бояд фиристод?
  • Оё ман метавонам нусхаҳои варақаи интиқоли пулиро, агар қабулкунандаи интиқол варақаи аслро гум кунад, аз бонк дастрас намоям?
  • Таъиноти интиқоли пулӣ, ки характери ғайритиҷоратӣ дорад?
  • Ое интиқоли пулиро аз руи нусхаи шиноснома қабул кардан мумкин аст?
  • Чи бояд кард агар интиқоли пулӣ ба суроғааш нарасад?
  • Интиқоли асъори хориҷӣ чи қадар вақтро талаб мекунад?
  • Чӣ гуна комиссияро бояд пардохт кард?
  • Барои қабули маблағ кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?
  • Ое мизоҷ қабули маблағи интиқолро ба шахси дигар супорида метавонад?
  • Давоми кадом муддат интиқоли маблағ дар низом дастрас аст?
  • Ое маблағи интиқолро дар дигар марказхои хизматрасони интиқоли пулӣ қабул намудан мумкин аст?

  • Оё шахсони воқеӣ метавонанд маблағро бо асъори хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол намоянд?

    Интиқоли асъори хориҷӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бидуни кушодани суратҳисоби бонкӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои интиқол ба суратҳисоби бонкии худ, ғайриимкон аст.







    Интиқоли пулиро дар дохили ҷумҳурӣ чӣ гуна бояд гирифт?

    • Ба филиали наздиктарин ё маркази хизматрасонии бонкии ҶСК "Бонки Эсхата"муроҷиат кунед.
    • Ба оператори интиқоли пулӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, рақами назорати интиқолро пешниҳод кунед.
    • Мувофиқи ариза барои интиқол, ки онро оператор анҷом додааст, маблағи интиқолро аз хазинда гиред.
    • Аз оператор расидро оид ба амалиёти анҷомдодашуда талаб кунед.







    Чӣ гуна интиқоли пулиро бояд қабул кард?

      1.Маблағгиранда бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти худ ва рақами назоратии интиқолро ба оператори интиқоли пулӣ дар Маркази хизматрасонии бонкӣ пешниҳод кунад (Интиқоли пул тибқи Дастурамали № 204-и Бонки миллии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби анҷом додани амалиёти интиқолӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ" дода мешавад)

      2.Инчунин шумо метавонед интиқоли пулии ғайринақдиро ба корт, суратҳисоби бонкӣ ё ҳамёни электронӣ бидуни баромадан аз хонаатон қабул намоед: http://eskhata.com/individuals/money_transfer/instant_transfer.php






      Интиқоли пулиро дар дохили ҷумҳурӣ чӣ гуна бояд фиристод?

      • Ба филиали наздиктарин ё Маркази хизматрасонии бонкии ҶСК "Бонки Эсхата" муроҷиат кунед;
      • Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро ба оператори интиқоли пул нишон диҳед,
      • Ба оператор номи қабулкунанда ва маблағи интиқолро гӯед.
      • Маблағи интиқол ва комиссияро ба хазинадор пардохт кунед;
      • Аз оператор нусхаи "Ариза барои интиқол бидуни кушодани суратҳисоб" бо рақами назоратии интиқолро дастрас намоед.
      • Ба гирандаи интиқол маблағи фиристодашуда ва рақами назоратии интиқолро хабар дихед. 

      Инчунин Шумо метавонед, интиколи пулиро ба тарики терминалхои пардохти ё ба воситаи хамёни мобилии ЧСК "Бонки Эсхата" дастрас намоед.





      Оё ман метавонам нусхаҳои варақаи интиқоли пулиро, агар қабулкунандаи интиқол варақаи аслро гум кунад, аз бонк дастрас намоям?

      Бале, пас аз он ки қабулкунанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти худро ба бонк пешниҳод мекунад ва барои пешниҳоди нусхаи ордери хароҷоти хазинавӣ ариза менависад. 






      Таъиноти интиқоли пулӣ, ки характери ғайритиҷоратӣ дорад?

      Дар ин ҳолат, танҳо интиқоли дохилие имконпазир аст, ки барои манзил, кӯмаки моддӣ, тӯҳфа, нафақа, ҳаққи таҳсил, хароҷоти ҷорӣ, пардохти алимент, пардохти роҳкиро ва дигар таъиноти дорои хусусияти ғайритиҷоратӣ дошта, пешбинӣ шудааст.






      Ое интиқоли пулиро аз руи нусхаи шиноснома қабул кардан мумкин аст?

      Не, барои гирифтани интиқоли пулӣ, қабулкунанда бояд хуччати аслии тасдиккунандаи шахсиятро пешниҳод кунад.






      Чи бояд кард агар интиқоли пулӣ ба суроғааш нарасад?

      Дар ин ҳолат, ба Шумо лозим аст, ки ба ирсолкунанда занг занед ва аз онҳо хоҳиш кунед, ки ба Шумо нусхаи супоришномаи пардохтро фиристанд. Сипас ин нусхаро ба бонк биёред, ки дар он ҷо кормандон ҳисоби корреспондентатонро мувофиқи супориши пардохт тасдиқ мекунанд.






      Интиқоли асъори хориҷӣ чи қадар вақтро талаб мекунад?

      Аз 5 то 10 дақиқа барои интиколи фаври ва аз 1 то 3 рузи кори барои интиколхо ба суратхисоби бонки. Ҳамчунин бояд реҷаи кории нуқтаи интиқол ба инобат гирифта шавад, махсусан агар тафовути вақти интиқолдиҳанда дар минтақаи соати шахси ирсолкунанда калон аст.






      Чӣ гуна комиссияро бояд пардохт кард?

      Комиссияро шумо метавонед хоҳ аз ҳисоби маблағи интиқол хоҳ, дар алоҳидагӣ ҳангоми ирсоли маблағ пардохт намоед.







      Барои қабули маблағ кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

      • Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (Заграничный паспорт)
      • Шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ
      • Шиносномаи шахси бешаҳрванд
      • Шаҳодатномаи гуреза
      • Гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ







      Ое мизоҷ қабули маблағи интиқолро ба шахси дигар супорида метавонад?

      Ҳа,  дар ҳолати пешниходи ваколатномаи намоянда, ки бо тартиби муқараракардаи қонунгузорӣ барасмият дароварда шуда бошад.






      Давоми кадом муддат интиқоли маблағ дар низом дастрас аст?

        1. WESTERN UNION              90 рӯз
        2. КОНТАКТ                            30 рӯз
        3. ЮНИСТРИМ                       30 рӯз
        4. Интиколи дохила                 бемухлат





          Ое маблағи интиқолро дар дигар марказхои хизматрасони интиқоли пулӣ қабул намудан мумкин аст?

          Интиқол тавассути Трансферт танҳо дар он нуқтаҳое, ки интиқол фиристода шудааст, гирифтан мумкин аст. Аз рӯи дигар низомҳои интиколи пулӣ Шумо метавонед маблағи худро аз нуқтаи хизматрасонии бонкии дилхоҳ дастрас намоед.



          20.02.2023

          ба боло