Қарзҳо - пурсиш ва посухОё метавонад мизоҷ қарзро аз филиали бонк гирифта, фоизашро ба Сарбонк пардохт намояд ва ин амалиёт чӣ тавр сурат мегирад.?Бале, Дар ин холат мизоч бо шиносномаи худ ба Сарбонк ё нуктаи наздиктарини хизматрасони мурочиат менамояд.Қарзеро, ки дар байни моҳ гирифтем, чи тавр пардохт менамоем?Ҳамаи қарзҳо мувофики чадвали пардохти карз пардохт карда мешаванд.Кадом намуди шиносномаро барои гирифтани қарз бояд пешниҳод кард?Қарз танҳо бо пешниҳоди шиносномаи шахрванди Чумхурии Точикистон дода мешавад.Мумкин аст, ки бо шиносномаи муваққати (временно) қарз гирифт?Ха, метавонед, дар ҳолате, ки мухлати шиносномаи Шумо амалкунанда бошад.Оё мизоҷ метавонад қарзи параллели гирад?Ха, агар барои пардохти карзи иловаги имконият дошта бошад.Оё метавонам пеш аз мӯҳлат қарзро пардохт кунам?Албатта шумо метавонед пеш аз мӯҳлат қарзро пардохт кунед . Дар ин ҳолат, танхо фоизи даврае, ки карзро истифода бурдед, месупоред.Барои гирифтани имтиёз бояд чи кор кард?Барои гирифтани имтиёз Шуморо зарур аст, ки ариза нависед ва баъди дидан ва барраси намудани он, коршиноси қарзиатон ба Шумо посух хоҳад дод.Ба киҳо имтиёзҳо дода мешавад?
Хар як мизочи бонк метавонад аз мухлати имтиёзнок дар доираи махсулоти карзи истифода барад. Хангоми гирифтани маблағи зиёд, мӯҳлат ва фоизаш тағйир меёбад?Бале, фоизи карз аз мухлати карз вобаста аст.Агар қарзи мизоҷ ба руйхати ба таъхирафтодагон дохил шавад, мизоҷ чӣ қадар бояд ҷарима супорад?
Барои хама намуди қарзҳо - 48% солона Бароям пешниҳоди қарзро рад карданд. Оё ман метавонам дар ҳолати аз нав мурочиат карадан ҷавоби мусбӣ гирам?Ҳа, ин хел имконият ҳаст. Муфассалтар аз коршиноси қарзиатон метовонед пурсон шавед.Бароям пешниҳоди карз рад карда шуд, аммо корманди бонк сабабашро нафахмонид. Чаро?Коршиноси карзи бояд сабаби рад шудани аризаи дархостиатонро посух гардонад. |