"Эсхата Онлайн" - бонк дар телефони Шумо!

Бонки мобилии “Эсхата Онлайн” воситаи қулай ва ройгон барои пардохтҳои фаврӣ, интиқол ва идоракунии суратҳисобҳо мебошад.

“Эсхата Онлайн”-ро аз App Store ё Play Market зеркашӣ кунед, онро ба телефони худ насб кунед ва хизматрасониҳои  алоқаи мобилӣ, барқ, интернет ва даҳҳо хизматрасониҳои дигарро аз телефони худ пардохт намоед!

Инчунин шумо метавонед замимаро аз ин ҷо зеркашӣ намуда, насб кунед: http://eskhata.com/online

Суръати пардохт, осонии истифодабарӣ, дастрасии шабонарӯзӣ ва пайвастшавии ройгон бартариҳои асосии "Эсхата  Онлайн" аст

Ҳоло дар вақти бароятон қулай пардохт кардани хизматрасониҳои зерин осон ва содда шудааст:

·        Пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ

·        Пардохти хизматрасониҳои мобилӣ

·        Интиқол ба корт

·        Мубодилаи асъор

·        Пардохти қарз / овердрафт

·        Пур кардани суратҳисоби корти бонкӣ

·        Интиқол байни суратҳисобҳо

·        Гирифтани интиқоли пулӣ ба корт ва бисёр дигар хизматрасониҳо ва амалиётҳои бонкӣ

Чӣ тавр ҳисоби “Эсхата Онлайн”- ро пур кардан мумкин аст?

1. Шумо метавонед тавассути терминалҳои пардохтии Бонки Эсхата пур кунед. Дар Тоҷикистон беш аз 650 адад терминалҳои пардохтӣ дар хизмати шумост.

2. Пур кардани суратҳисоби “Эсхата Онлайн” бе КОМИССИЯ сурат мегирад!

 

Идентификатсияро чӣ гуна гузаштан мумкин аст?

Хеле оддӣ аст. Ду роҳи идентификатсия вуҷуд дорад:

1. Шуморо лозим аст, ки ба наздиктарини филиал ё маркази хизматрасонии Бонки Эсхата бо шиноснома ва РМА муроҷиат кунед.

2. Идентификатсияро ба таври онлайн гузаредhttps://eskhata.com/tj/about/news/5116/

Идентификатсия ба Шумо имконият медиҳад, ки ҳисобҳо ва кортҳои худро, ки дар Бонки Эсхата кушода шудаанд, мустақилона идора кунед. Мубодилаи  асъор, интиқоли пулӣ, амонатҳо ва қарзҳои худро идора кунед.

Савол доред? Мо омодаем бо телефони 808 ба Шумо маслиҳат диҳем!

Ҳамқадами замон бошед! Бо “Эсхата Онлайн”кори худро осон кунед!

ба боло