Пурсиш ва посух



  • Пасандози бонкиро чӣ гуна бояд кушод?
  • Мизоҷ ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад ва мехоҳад, ки пулаш то омадани ӯ ҷамъ шавад. Оё ин имконпазир аст?
  • Оё суратҳисоби бо як асъор кушодашударо бо маблағи дигар асъор пур кардан мумкин аст?
  • Чӣ гуна ман метавонам ба шавҳарам барои ихтиёрдории амонате, ки дар Бонки шумо кушода шудааст, ваколатнома диҳам?
  • Дар кадом ҳолатҳо даромадҳои аз фоизи пасандозҳо гирифташуда, андозбандӣ карда намешаванд?
  • Агар мизоҷ шаҳрванди хориҷӣ бошад, оё метавонад дар Бонки Эсхата суратҳисоби пасандозӣ кушояд? Барои ин чи лозим аст?
  • Ман фавран мехоҳам суратҳисоби пасандозӣ кушоям, аммо шиносномаамро гум кардаам, оё бо шиносномаи хориҷӣ кушодан мумкин аст?
  • Оё фоизҳои ҳисобшударо ба суратҳисоби корти пластикӣ гузаронидан мумкин аст?
  • Оё суратҳисобро бо асъори дигар пур кардан мумкин аст?
  • Ҳангоми марги амонатгузор наздикони ӯ метавонанд, ки маблағи пасандозро гиранд?
  • Чӣ гуна пасандозро барои кӯдаки ноболиғ кушодан лозим аст, то вақте ки ӯ ба синни балоғат расад, онро истифода барад?
  • Бонк барои амонатҳои мизоҷ чӣ гуна кафолат медиҳад?
  • Агар дар охири мȳҳлати пасандоз мизоҷ маблағи худро нагирад, чӣ мешавад?
  • Кадом намуди пасандозҳо дар Бонки Шумо мавҷуданд?

  • Пасандози бонкиро чӣ гуна бояд кушод?

    Бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрвандӣ Шумо метавонед дар филиал ё маркази хизматрасонии бонкӣ пасандоз гузоред. Бо шартҳои пасандозҳои бонкӣ дар бахши "Барои шахсони воқеӣ" - "Пасандозҳо" шинос шавед, ё аз ссилкаи мазкур истифода баред http://eskhata.com/tj/individuals/deposit/deposit_types.php




    Мизоҷ ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад ва мехоҳад, ки пулаш то омадани ӯ ҷамъ шавад. Оё ин имконпазир аст?

    Шумо бояд ба номи худ суратҳисоб кушода, реквизитҳоро барои интиқоли бонкӣ гиред.




    Оё суратҳисоби бо як асъор кушодашударо бо маблағи дигар асъор пур кардан мумкин аст?

    Ҳамаи амалиётҳои вобаста ба суратҳисоб бо асъори суратҳисоб иҷро карда мешаванд.




    Чӣ гуна ман метавонам ба шавҳарам барои ихтиёрдории амонате, ки дар Бонки шумо кушода шудааст, ваколатнома диҳам?

    Барои идоракунии пасандозе, ки дар Бонки мо кушода шудааст, ваколати дар нотариус тасдиқшуда лозим аст.




    Дар кадом ҳолатҳо даромадҳои аз фоизи пасандозҳо гирифташуда, андозбандӣ карда намешаванд?

    Мувофиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, фоизҳое, ки резидент ё муассисаи доимии ғайрирезидент ё аз номи чунин муассиса месупоранд, ба андозаи 12 % аз маблағи даромаде, ки манбаъи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуда бошад, андоз ситонида мешавад.




    Агар мизоҷ шаҳрванди хориҷӣ бошад, оё метавонад дар Бонки Эсхата суратҳисоби пасандозӣ кушояд? Барои ин чи лозим аст?

    Бале, шаҳрванди давлати хориҷӣ метавонад дар Бонки Эсхата суратҳисоб кушояд. Барои ин, ӯ бояд шиносномаашро пешниҳод кунад. Шахсони воқеӣ ҳуқуқ доранд дар ташкилотҳои қарзӣ суратҳисоби пасандозиро, ки дорои хусусияти ғайритиҷоратӣ мебошанд, ба номи худ кушоянд ва онро ҳам худ ва ҳам тавассути шахси ваколатдор истифода баранд.
    Шахси ваколатдор метавонад суратҳисоби бонкӣ кушода  онро дар асоси ваколатнома идора намояд. Агар шахси боэътимод ғайрирезидент бошад, ваколатномае, ки аз хориҷи кишвар фиристода мешавад, бояд дар сафоратхонаи (консулгарии) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ё дар сафоратхонаи (консулгарии) давлати хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ карда шуда, ба ташкилоти қарзӣ дар якҷоягӣ бо тарҷумаи тасдиқшуда ба забонҳои тоҷикӣ ё русӣ пешниҳод карда шавад. Легализатсияи ваколатнома талаб карда намешавад, агар ин гуна қоида дар созишномаҳо, шартномаҳо ва конвенсияҳои байналмилалӣ муқаррар карда шуда бошад.






    Ман фавран мехоҳам суратҳисоби пасандозӣ кушоям, аммо шиносномаамро гум кардаам, оё бо шиносномаи хориҷӣ кушодан мумкин аст?

    Тибқи Дастурамали БМТ суртаҳисоби пасандозӣ бояд бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон кушода шавад.  Дар ҳолати гум кардани шиноснома Шумо метавонед аз шȳъбаи шиносномадиҳӣ маълумотномаи №9 ро пешниҳод намоед.




    Оё фоизҳои ҳисобшударо ба суратҳисоби корти пластикӣ гузаронидан мумкин аст?

    Фоизи ҳисобшуда ба суратҳисоби корти пластикии мизоҷ тибқи шартнома ё аризаи мизоҷ ворид карда мешавад.






    Оё суратҳисобро бо асъори дигар пур кардан мумкин аст?

    Не. Суратҳисоби ба як асъор кушода шуда, танҳо бо ҳамин асъор пур кардан мумкин аст




    Ҳангоми марги амонатгузор наздикони ӯ метавонанд, ки маблағи пасандозро гиранд?

    Пасандози шаҳрванд пас аз вафоташ амвол - мерос эътироф карда мешавад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси қонун ё васиятнома ба шахси дигар ба меросхӯрон дода мешавад. Дар ҳолати набудани васиятнома, шахсоне, ки тибқи қонун меросхӯрони фавтида ҳисобида мешаванд, бояд барои қабул ва бақайдгирии мерос ба идораи нотариалӣ муроҷиат кунанд. Пас аз гузаштани тартиби бақайдгирии мерос, меросхӯрон ҳангоми пешниҳоди шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқ ба мерос метавонанд дар асоси он маблағи пасандоз гирад.

     






    Чӣ гуна пасандозро барои кӯдаки ноболиғ кушодан лозим аст, то вақте ки ӯ ба синни балоғат расад, онро истифода барад?

    Дар айни замон, Бонк пасандози "Бачагона" дорад. Барои кушодани ин навъи пасандоз,  ба корманди бонк шиноснома ва шаҳодатномаи таваллуди кӯдакро пешниҳод намоед. Ин намуди пасандоз барои се сол кушода мешавад. Агар мизоҷ бихоҳад, пасандози "Бачагона"-ро пас аз ба итмом расидани мӯҳлат ба мӯҳлати дар шартнома пешбинишуда, яъне боз барои се соли дигар тамдид кардан мумкин аст.




    Бонк барои амонатҳои мизоҷ чӣ гуна кафолат медиҳад?

    Бонк баргардонидани пасандоз ва фоизи ба он вобаста бо тамоми дороиҳояшро кафолат медиҳад. Бонк барои махфӣ доштани сирри амонат ва маълумот дар бораи амонатгузор мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.
    Амонатҳои шахсони воқеӣ дар Бонки мо тибқи қонун "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" суғурта карда мешаванд.






    Агар дар охири мȳҳлати пасандоз мизоҷ маблағи худро нагирад, чӣ мешавад?

    Пасандоз аз рӯи шартҳои амалкунандаи пасандоз ва ба муҳлате, ки дар шартнома оварда шудааст тамдид карда мешавад.




    Кадом намуди пасандозҳо дар Бонки Шумо мавҷуданд?

    Бо намуди пасандозҳои бонк Шумо метавонед дар сомона дар қисми “Барои шахсони воқеъӣ” – “Пасандозҳо” шинос шавед. Инчунин метавонед аз ссилки зерин истифода баред http://eskhata.com/tj/individuals/deposit/deposit_types.php



    ба боло