Пурсиш ва посух



  • Оё кортро дар ягон бонки дигар пурра кардан мумкин аст? Барои ин чӣ лозим аст?
  • Муҳосираи муваққатии корт чи қадар арзиш дорад?
  • Ое ман метавонам, ки кортро дар хориҷа истифода барам?
  • Хизматрасонии корти пардохтӣ чи кадар арзиш дорад ва чанд сол онро метавон истифода бурд?
  • Барои кадом кортҳои пардохтӣ амонати суғуртавӣ лозим аст?
  • Ое мумкин аст, ки ба номи худ дигар кортҳои пардохтии иловагиро гирем?
  • Агар ман Пин-кодро фаромӯш созам, чи бояд кард?
  • Чи бояд кард, агар банкомат кортро мусодира кард?
  • Ба корти ман аз хориҷа маблағ интиқол шуданаш ое мумкин аст?
  • Дар кадом шаҳрҳо кортҳои пардохтии бонки шумо истифода бурда мешаванд?
  • Кадом намуди кортҳоро банкоматҳои шумо хизматрасонӣ мекунанд?
  • Кадом кортҳоро банкомати бонки шумо қабул намекунад ва барои чи?
  • Маблағи зиёдтарин ва камтарине, ки аз банкомат гирифтан мумкин аст, чӣ қадар аст?
  • Баъди чи қадар вақт мизоҷ маблағи худро пас аз пур кардани корт гирифта метавонад?
  • Оё шахси ҳуқуқӣ метавонад, ки корти пардохтиро дастрас кунад?

  • Оё кортро дар ягон бонки дигар пурра кардан мумкин аст? Барои ин чӣ лозим аст?

    Бале, кортро дар дигар бонк пур кардан мумкин аст. Барои ин ба шумо реквизитҳои гиранда ва рақами корти ӯ лозим аст.






    Муҳосираи муваққатии корт чи қадар арзиш дорад?

    • Муҳосираи муваққатии корти пардохтӣ - ройгон
    • Пешниҳоди иқтибос ба мизоҷ тариқи почтаи электронӣ - ройгон 
    • Тафтиш аз рӯи транзаксияҳои низоӣ - 45 сомони
    • Тасдиқи бақияи корт дар варақаи махсуси Бонк - 5 сомони






    Ое ман метавонам, ки кортро дар хориҷа истифода барам?

    Ҳа, новобаста аз асъори суратҳисоби корт, шумо метавонед пардохти молҳо ва хизматрасониро дар ҳама ҷо амалӣ намоед.





    Хизматрасонии корти пардохтӣ чи кадар арзиш дорад ва чанд сол онро метавон истифода бурд?

    Хизматрасонӣ ба корт бо мӯҳлати амали 1, 2 ва 3 сол пешбинӣ шудааст. Арзиши корт аз намуди корт вобаста аст. Оид ба нарх ва дигар азалиятхои корт дар ин чо шинос шавед: http://eskhata.com/tj/individuals/bank_cards/bank_card_types.php






    Барои кадом кортҳои пардохтӣ амонати суғуртавӣ лозим аст?

    Барои корти пардохтии байналмилалии Visa Gold амонати суғуртавӣ лозим аст - 1000 сомонӣ






    Ое мумкин аст, ки ба номи худ дигар кортҳои пардохтии иловагиро гирем?

      Ҳа, барои ин бояд бо ариза ба бонк муроҷиат намуд.





      Агар ман Пин-кодро фаромӯш созам, чи бояд кард?

      Хуб мешуд агар Пин кодро дар хотир нигоҳ доред, е дар ҷои маҳфуз навишта монед. Дар сурати дигар барои корти нав бояд ариза навишта, дар он сабабашро қайд намуд.  




      Чи бояд кард, агар банкомат кортро мусодира кард?

      Дар навбати аввал бояд ба телефони 808 занг зада корти худро муҳосира намоед.Дар сурате, ки агар корти шумо дар даруни банкомат боқӣ мондааст, ба маркази наздиктарини хизматрасонии Бонки  Эсхата муроҷиат намуда, аризаи баргардонидани кортро пешниҳод созед. Баъди оне ки корт аз даруни банкомат гирифта мешавад, ба соҳибаш баргардонида хоҳад шуд. Агар корти шумо дар банкомати дигар бонк мусодира шуда бошад, пас бояд ба ҳамон бонк муроҷиат намоед. Агар Бонк баргардонидани корти шуморо рад созад, шуморо лозим аст, ки ба Маркази тамос (808) занг занед. 




      Ба корти ман аз хориҷа маблағ интиқол шуданаш ое мумкин аст?

      Бале, мумкин аст, барои ин шумо бояд шахси интиколдиҳандаи маблағро дар бораи реквизитҳои пурраи корт хабардор намоед. Маблағро ба корти локалӣ, корти Ягона, тавассути сомонаи бонк, Сбербанк онлайн, ҳамёни Qiwi, инчунин тавассути низоми интиқолии SWIFT гирифтан мумкин аст.




      Дар кадом шаҳрҳо кортҳои пардохтии бонки шумо истифода бурда мешаванд?

      Кортҳои локалӣ танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор доранд, кортҳои Visa ва Union Pay дар тамоми ҷаҳон, ки логотипи ин кортҳо мавҷуданд, эътибор доранд.




      Кадом намуди кортҳоро банкоматҳои шумо хизматрасонӣ мекунанд?

      Ба ғайр аз кортҳои пардохти миллӣ, банкоматҳои мо боз ду низомҳои пардохтии байналхалқиро хизмат мерасонанд. Visa ва China Union Pay.






      Кадом кортҳоро банкомати бонки шумо қабул намекунад ва барои чи?

      Банкоматҳои  Бонки Эсхата котрҳои  Мaster Card, American Express, Dinners Club, STB, Union Cart қабул намекунанд ва сабаби он набудани аъзогии Бонк бо ин низомҳои пардохтӣ ба ҳисоб меравад.




      Маблағи зиёдтарин ва камтарине, ки аз банкомат гирифтан мумкин аст, чӣ қадар аст?

      • Бо доллари амрикоӣ: аз 100$ то 200$
      • Бо сомони: аз 10 сомони то 2000 сомони.

       






      Баъди чи қадар вақт мизоҷ маблағи худро пас аз пур кардани корт гирифта метавонад?

      Баъди як соати пур кардани корт дар ҳудуди ҶТ.




      Оё шахси ҳуқуқӣ метавонад, ки корти пардохтиро дастрас кунад?

      Корти пардохтӣ ба мизоҷ танҳо ҳамчун шахси воқеӣ пардохта мешавад.


      ба боло