Маблағгузории тиҷоратӣ

Имконияти ҷалб намудани маблағ аз муассисаҳои молиявии пешрафтаи хориҷӣ нишонаи нуфузи баланд ва шаъну шарафи бонк дар арсаи байналхалқӣ маҳсуб меёбад.

Бо такя ба гуруҳи мутахассисони ҶСК «Бонки Эсхата» ва  шабакаи рушдёфтаи бонкҳои муросилотӣ, мо ба муассисаҳо ва соҳбкорони инфиродӣ маҷмӯи пурраи хизматрасониҳоро барои муомилот дар доираи маблағгузории тиҷоратӣ, ҳангоми содирот ва воридоти мол, инчунин дар вақти гузаронидани амалиётҳои савдо дар бозори дохилӣ пешниҳод менамоем.

Айни замон, ҶСК «Бонки Эсхата» дорои хати бузургтарин бонкҳои ҷаҳонӣ аст, ки барои гузаронидани амалиётҳои ҳуҷҷатию кафолатӣ ва инчунин маблағгузории тиҷоратӣ қобил аст.


Шарикони асосии ҶСК «Бонки Эсхата» дар самти гузаронидани амалиётҳои маблағгузории тиҷоратӣ ва ҳуҷҷатӣ:

  • Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд;
  • Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ;
  • Бонки Рушди Осиё;
  • Commerzbank АG.;
  • Raiffeisenbank International AG;
  • ҶСП Бонки Амонатгузории Федератсияи Русия;
  • ҶСП Транскапитал Бонк
  • ҶСК ЦентрКредит Банк;
  • ҶС Бонки Халқии Қазоқистон;
  • ҶС Сбербонк (Қазоқистон);
  • Banca Popolare di Sondrio;
  • UniCredit S.P.A.;
  • Turkey Is Bankasi;
  • Асака Бонк;
  • Узпромстройбонк;

 

ҶСК «Бонки Эсхата» барномаи махсуси мусоидатиро барои рушди тиҷорати Шумо пешниҳод менамояд. Фарз кардем, ки Шумо нақшаи содирот ё воридоти молро аз Тоҷикистон ба хориҷа, ё аз хориҷа ба Тоҷикистон доред, аммо ҳар як харидуфурӯш хавфҳои ба худ хос дорад:

ХАВФҲОИ ИҚТИСОДИ

·         Хавфи нопардохтӣ

·         Хавфи таҳвил накардани мол

·         Хавфи истеҳсолӣ

·         Хавфи марбут ба фурӯши молҳо

·         Хавфи таҳвили моли пастсифат

·         Хавфи тағирёбии курби асъор

·         Хавфи нақлиётӣ

ХАВФҲОИ СИЁСИ

·         Хавфи кишвар (дефолт, тағирот дар қонунгузории асъор)  

·         Бетартибиҳои шаҳрвандӣ, табаддулот, тағирот дар низоми давлатӣ

·         Иштироки кишвар дар низоъҳои мусаллаҳи байналмиллалӣ

·         Мораторий, байкотҳо, эмбаргои савдо ва ғайра 

 

Аз пешниҳодҳои мо истифода баред:

·         Аккредитивҳои воридотӣ

·         Аккредитивҳои содиротӣ

·         Кафолати бонкӣ

·         Инкассои воридотӣ ва содиротӣ

·         Маблағгузории тиҷоратӣ

 

Афзалиятҳои хизматрасонӣ:

·         фоизҳои паст аз 5 % солона

·         кафолати иҷрои уҳдадориҳои шарики Шумо

·         паст кардани як қатор хавфҳо ҳангоми созиши тиҷоратӣ (тиҷоратӣ, нақлиётӣ ва асъорӣ)

·         муҳлати қулаи маблағгузорӣ

·         давраи назарраси имтиёзнок пеш аз пардохти қарзи асосӣ

·         таҳлили босифати идоракунии молиявӣ

 

Маблағгузории тиҷоратии воридот:

Маблағгузории лоиҳаҳои кӯтоҳмуддати (то 1 сол) воридоти мол ё хизматрасониҳо аз рӯи нархномаи ҷалбкунанда аз ҳисоби маблағҳои бонкҳои хориҷӣ иборат аст.

Истеъмолкунандагони хизматрасонӣ:

Шахсони ҳуқуқии ҳар гуна шакли моликият – воридкунандагони молҳои асосӣ/хизматрасониҳо (таҷҳизот, ашёи хом, ва ғайра) .

Афзалиятҳои хизматрасонӣ:


  • Арзиши қулай – на зиёда аз 18% солона
  • Муҳлати қулаи маблағгузорӣ
  • Муҳлати назарраси имтиёзнок пеш аз оғози пардохти қарзи асосӣ
  • Таҳлили босифати идоракунии ҷараёнҳои молиявӣ

 

Нақшаи созиш:

Асосан накшаи маблағгузорӣ аз он иборат аст, ки маблағҳо бевосита ба суратҳисоби  таҳвилгари хориҷӣ тибқи шартнома интиқол дода мешаванд.

Дар доираи нақша 100% арзиши шартнома маблағгузорӣ карда мешавад. Шакли ҳисоббаробаркунӣ – аккредитиви бо ҳуҷҷатҳо тасдиқушда мебошад. Баргардонии қарз дар охири муҳлати мувофиқашуда, аз рӯи ҷадвали пардохтӣ амалӣ мегардад.

Талаботи асосӣ ба созиш:

  • Таҳвили ҳама гуна молҳо (гурӯҳҳои молӣ ба монанди силоҳ ва ғайраҳо маблағгузорӣ карда намешавад) ё хизматрасониҳои кишварҳои гуногун (ба истиснои кишварҳое, ки нисбати онҳо низоми санксияи байналмиллалӣ ҷорӣ шудааст)
  • Мавқеъи устувори молиявии мизоҷ ва омодагии ӯ ба ҳамкории ҳамаҷониба бо бонк, инчунин таъминоти кофии амалиёт.

Воситаҳои маблағгузории тиҷоратӣ инҳоянд:  

·         Аккредитиви ҳуҷҷатӣ

·         Кафолати бонкӣ

·         Инкассои ҳуҷҷатӣ  

·         Маблағгузории таҳвили мол

·         Факторинг и Форфейтинг

Мо созиши Шуморо аз аввал то ба охир ҳамроҳӣ менамоем!

 

Қарзҳои ҳуҷҷатӣ ё аккредитивҳо уҳдададориҳои бонк мебошад, ки дар мавриди пардохти маблағи муайян ба фурушандаи мол ё хизматрасонӣ ҳангоми пешниҳоди саривақтии ҳуҷҷатҳои махсуси интиқоли мол ё иҷрои хизматрасониҳои шартномавӣ тасдиқкунанда амалӣ карда мешаванд.

Аккредитиви ҳуҷҷатӣ имконият медиҳад, ки пардохт фавран пас аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳо  (дар лаҳзаи пешниҳод) ё дар санаи муайян пас аз ҳамлу нақл (фаврӣ) иҷро гардад.

Қоидаҳои ба як шакл даровардашуда ва таомули аккредитивҳои ҳуҷҷатӣ, Нашри №600 Палатаи байналмиллалии савдо, нашри соли 2007, Париж, барои танзими ҳуҷҷатҳое, ки дар аккредитивҳо истифода мешаванд, асос мебошанд.

 

Механизми пардохт:

Қадами 1 – Бастани шартнома

Қадами 2 – Харидор барои аккредитив дархост мекунад

Қадами 3 – Бонки харидор (Банк Эмитент) аккредитив медиҳад

Қадами 4 – Авизои аккредитив

Қадами 5 – Бенефициар (Фурушанда) аккредитив мегирад

Қадами 6 – Бенефициар (Фурушанда) ҳуҷҷатҳоро барои пардохт тайер мекунад

Қадами 7 – Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба бонк аз ҷониби бенефициар

Қадами 8 – Ҳуҷҷатҳоро ба Бонк-Эмитент мефиристад

Қадами 9 – Бонк – Эмитент ҳуҷҷатҳоро қабул мекунад

Қадами 10 - Бонк –Эмитент пардохтро иҷро мекунад 

Афзалиятҳо барои содиротгари мол (фурӯшанда):

  • Ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба бонк, пардохт аз ҷониби бонки эмитент кафолат дода мешавад.  Ин амал он вақт фоидаовар аст, ки харидор нисбати қобилияти пардохтпазирии таҳвилгар эътимоди пурра надошта бошад ва ё ҳанӯз муносибатҳои тиҷоратӣ барқарор нашуда бошад;    
  • Пас аз гирифтани аккредитив, харидор бидуни иҷозати фурӯшанда онро бекор ё тағир дода наметавонад. Фурӯшанда метавонад бидуни тарс, ки фармоиш дертар бекор карда мешавад, таҳвили молро анҷом диҳад ё ба тартиб орад;
  • Дар бораи он ҳуҷҷатҳое, ки харидор бояд пешниход кунад, тасаввуроте пайдо намешавад, зеро ҳуҷҷатҳое, ки барои фурӯшанда ва мақомоти кишвар заруранд, дар аккредитив номбар шудаанд;
  • Имконияти пешниҳоди шартҳои рақобатпазирии тиҷорат, ба монанди мӯҳлати пардохт 60 руз баъд аз интикол додани мол, на ин ки фавран. Ин усули пардохт қулай ва боэътимод боқӣ мемонад;

 

Афзалиятҳо барои воридгари мол (харидор)

  • Бо нишон додани талабот ба ҳуҷҷатҳо дар аккредитив харидор итминон дошта метавонад, ки пардохт танҳо дар сурати пешниҳоди тамоми ҳаҷҷатҳои зарурӣ барои аккредитив сурат мегирад;
  • Дар аккредитив санаи охирини ҳамлу нақли мол метавонад ишора гардад, ки ба он сана мол бояд ҳамлу нақл ёбад, ҳамин тавр ҷадвали интикол назорат карда мешавад;
  • Бо назардошти зарурати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар бораи сифат, миқдор, усули таҳвил ва навъи борбандӣ, харидор итминон дошта метавонад, ки фурӯшанда ҳама шартҳои дар шартномаи хариду фурӯш зикршударо иҷро кардааст, вагарна пардохт аз рӯи аккредитив анҷом дода намешавад;

 

Шаклҳои асосӣ ва намуди аккредитивҳо:

  • Бебозгашти тасдиқнашаванда
  • Бебозгашти тасдиқшаванда
  • Барқароршаванда (револверӣ)
  • Интиқолшаванда (гузаранда)

 

Гарави бонкӣ аз рӯи дархост – ин уҳдадории бебозхости хаттии бонк (кафолатдиҳанда) аз номи як тараф (принсипал) оид ба пардохти пул дар ҳолати пешниҳоди дархости хаттии тарафи дигар (бенефитсиар) мебошад ва ба он ишора мекунад, ки принсипал дорои уҳдадориҳои иҷронашудаи аз рӯи шартҳои шартномаи тарафайн аст.

      Кафолати бонкӣ қисми шартномаи байни фурушанда ва харидор буда, уҳдадориҳои алоҳида мебошад, ки аз принсипи ҳуқуқии қарзи асосӣ ё муносибати шартномавӣ байни карздиҳанда ва дебитори асоси мустақил аст.

     Пардохтҳо оид ба кафолат аз бенефитсиар талаб мекунад, ки ба бонк ариза пешниҳод карда шавад, ки уҳдадориҳои шартномавӣ аз ҷониби аризадиҳанда қисман ё ба таври пурра иҷро нашудааст ва бенефитсиар ҳуқуқ дорад миқдори муайяни пулро таҳти кафолат қарордоштаро бигирад.

      Кушодани кафолати бонкӣ дар ҶСК «Бонки Эсхата», новобаста аз намуди кафолати бонкӣ, таҳти амволи гарав ё гаравдеҳ аз рӯи 12% солона амалӣ мегардад.

Сабабҳои муқаррарии талабот оид ба кафолат:

  • Мавқеъ дар давлати харидор;
  • Фурӯшанда ё шахсе, ки дар тендер ғолиб омадааст, аммо ба харидор номаълум аст ва дар натиҷа байни онҳо боварӣ вуҷуд надорад;
  • Ҳаҷм ё арзиши шартнома, он аст, ки харидор/фурӯшанда мехоҳад худро бо роҳи гирифтани кафолати бонкӣ ҳангоми талафоте, ки банобар аз ҷониби фурӯшанда/харидор ичро накардани уҳдадориҳои шартномавӣ ба амал омада метавонанд, муҳофизат кунад.

 

Намудҳои асосии кафолат дар тиҷорати байналмилалӣ:

·         Қафолати тендерӣ (Bid Bond)

·         Кафолати иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ (Performance Bond)

·         Кафолати баргардонидани пешпардохт (Advance Payment Guarantee)

·         Кафолати пардохт (Payment Guarantee)

·         Кафолати гумрукӣ

 

Инкассои ҳуҷҷатӣ

Инкассо – хизматрасониест, ки аз он содиротгар истифода мебарад. Содиротгар аз бонк хоҳиш менамояд, ки барои пардохт дар бозори хориҷӣ ҳамчун агенти инкассатор амал кунад. Бонки содиркунанда аз хизматрасониҳои яке аз бонкҳои муросилоти хориҷӣ ё бонки аз ҷониби муштарӣ таъиншуда барои истифода аз пардохте, ки аз воридкунанда гирифта мешавад, истифода мебарад.

Дар ин ҳолат, ҳуҷҷатҳо оид ба амалиёти содиротӣ, ба монанди ҳисобнома, ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ ва ҳуҷҷатҳои суғурта аз ҷониби содиркунанда ба бонк бо дастури интиқол додани ҳуҷҷатҳо ба бонки воридкунанда дар хориҷа дода мешаванд. Ин дастур бояд раванди супоридани ҳуҷҷатҳоро ба воридкунанда дошта бошад. Ҳуҷҷатҳо метавонанд мукобили пардохти фаврӣ интиқол дода шаванд («ҳангоми пешниҳод»), ба монанди ҲМП (ҳуҷҷатҳои муқобили пардохт), ё муқобили қабули векселҳо, ба монанди ҲМҚ (ҳуҷҷатҳои муқобили қабул)

Мо метавонем дар ноил шудан ба муваффақият дар созишҳои байналмилалии тиҷоратӣ ба Шумо кумак намоем! 

ба боло