Swift интиколҳо

Аббревиатураи SWIFT ин Society for Worldwide Interbank Financial Telecommunications буда, тарҷумааш "Ҷамъияти телекоммуникатсияҳои молиявии байнибонкии умумиҷаҳонӣ" мебошад, ки ҳадафи асосии он пешниҳоди маълумот ва анҷомдиҳии пардохт дар формати байналмилалӣ мебошад.

 

1.        Рӯйхати низомҳое, ки тавассути онҳо интиқолҳои пулӣ анҷом дода мешаванд

Низоми байналмилалии SWIFT усули қулай барои интиқоли маблағ ба хориҷа аз суратҳисоби худ ба суратҳисоби шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад. Пардохтҳои SWIFT барои пардохти харид аз хориҷа, брон кардани ҳуҷраҳои меҳмонхонаҳо, пардохти таҳсил, истироҳат ё табобат, инчунин интиқоли маблағ ба хешовандон ва дӯстон хело мувофиқ мебошад.

Афзалиятҳои асосии пардохтҳои SWIFT:

  • маблағро метавон зуд ва бехатар қариб ба тамоми кишварҳои ҷаҳон интиқол намуд,
  • интихоби васеи асъорҳои интиқол: доллари ИМА, евро, рубли русӣ ва ғайра,
  • тарофаҳои нисбат ба дигар низомҳои интиқоли маблағ пасттар
  • интиқолҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бидуни маҳдудияти маблағ дастрасанд, 
  • тарофаҳои нисбат ба дигар низомҳои интиқоли маблағ пасттар, маблағро метавон тавассути Интернет-бонки ҶСК "Бонки Эсхата" интиқол дод".

 

2. Рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки барои интиқоли маблағҳо заруранд

Ҳуҷҷатҳо барои ирсоли пардохти SWIFT бо асъори хориҷӣ барои шахсони воқеӣ:

  • барои шаҳрвандони Тоҷикистон - шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он;
  • барои шаҳрвандони хориҷӣ - шиносномаи миллӣ (бо қайд дар бораи мавҷудияти иҷозатномаи истиқомати доимӣ) ва шаҳодатнома барои истиқомати доимӣ дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ

Реквизитҳо барои ирсоли пардохти SWIFT бо рубли русӣ:

  • БИК бонки гиранда;
  • Суратҳисоби муросилотии бонки гиранда;
  • Номи бонки гиранда;
  • Номи пурра, суроға ва РМА-и гиранда;
  • Таъиноти пардохт (мақсади пардохт, рақами ҳисобнома-фактура)

Реквизитҳо барои ирсоли пардохти SWIFT бо асъори хориҷӣ (доллари ИМА, евро):

  • Номи бонки гиранда;
  • SWIFT-рамзи бонки гиранда;
  • Рақами суратҳисоби гиранда (ё рақами суратҳисоби байналмилалӣ – IBAN);
  • Номгӯ (барои шахси воқеӣ – фамилия, ном) ва суроғаи (истиқомат) гиранда;
  • Таъиноти пардохт (мақсади пардохт, рақами ҳисобнома-фактура).

 

ДИҚҚАТ!

Агар пардохти мол ё хидмат ба шахси ҳуқуқӣ- ғайрирезидент анҷом дода шавад, номи мол, хизматрасонӣ, инчунин рақам ва санаи ҳисобнома/шартнома, ки шумо дар асоси он молро харидорӣ мекунед ё ба Шумо хизмат расонида мешавад, нишон дода мешавад. Таъиноти пардохт бояд фаҳмо бошад.

Ҳангоми SWIFT-интиқол ба Аврупо, реквизи ҳатмӣ IBAN мебошад.

Интиқоли пардохтҳои SWIFT, ки дар ҶСК Бонки Эсхата ё филиали бонк тартиб дода мешаванд, дар давоми рӯзи амалиётӣ (то соати 17:30) сурат мегирад. Пардохтҳои SWIFT, ки пас аз соати 17:30 ва рӯзҳои истироҳат тартиб дода мешаванд, дар рӯзи кории оянда фиристода мешаванд.

Чӣ гуна интиқоли SWIFT-ро бояд қабул кард?

  • Қадами 1. Ба ирсолкунанда реквизитҳои суратҳисоби худро, ки маблағ ба он қабул карда мешавад, бигӯед. Шумо метавонед онҳоро гиредhttps://www.eskhata.com/about/requisites.php
  • Қадами 2. Интиқол ба таври автомати ба корт/ суратҳисоби Шумо ворид карда мешавад.
  • Қадами 3. Барои гирифтани интиқоли SWIFT бо асъори дигар (фунт-стерлинги Бритониё, евро ва ғайра) ба шумо лозим аст, ки суратҳисоби ҷории шахси воқеиро бо асъори дахлдор дошта бошед ва ин суратҳисобро дар реквизитҳо барои гузаронидан нишон диҳед. 

Талаботҳо ба реквизитҳо барои гузаронидани интиқолҳои SWIFT (барои шахсони воқеӣ):

Интиқол метавонад аз рӯи амалиётҳои ғайритиҷоратӣ амалӣ карда шавад ва ба интиқолҳои марбут ба фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дахл надорад. Аз ин рӯ, тавсия медиҳем, ки дар таъиноти пардохт истинодҳо ба ҳисобномаҳо/шартномаҳоро дода нашаванд.

Барои гузаронидани саривақтии интиқол, тавсия медиҳем, ки асъори интиқолро бо ирсолкунанда мувофиқа кунед (он бояд бо асъори корти шумо мувофиқат кунад). Агар шумо кортро дар он асъоре надошта бошед, ки мехоҳед интиқолро бигиред, беҳтар аст, ки он бо доллари ИМА ё евро фиристода шавад. 

Қоидаҳои интиқоли асъори хориҷӣ ба хориҷа барои резидентҳо:

Рӯйхати ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи он, ки шахсони воқеӣ- резидентҳо барои интиқол берун аз қаламрави Тоҷикистон асос доранд:

  • Шартномаҳо (созишномаҳо);
  • Ҳисоб-фактураҳо
  • Мактуб-ҳисобҳо ё мактуб-паёмҳои шахсони ҳуқуқӣ - ғайрирезидентҳо, мақомоти ваколатдори кишварҳои хориҷӣ;
  • Мактубҳои адвокатҳо ё нотариусҳои кишварҳои хориҷӣ;
  • Аризаҳои даъво, даъватномаҳо (даъватҳо).

Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда бояд маълумоти зерин дошта бошанд:

  • номи пурра (барои шахси воқеӣ - насаб, ном) ва маҳалли ҷойгиршавии қабулкунанда;
  • номи бонк ва реквизити суратҳисобе, ки ба он маблағ интиқол дода мешавад;
  • номи асъор, маблағи пардохт;
  • таъиноти пардохт.

Шахсони воқеӣ - резидентҳо метавонанд интиқоли асъори хориҷиро ба манфиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ берун аз ҳудуди Тоҷикистон анҷом диҳанд.

Қоидаҳои интиқоли асъори хориҷӣ ба хориҷа барои ғайрирезидентҳо:

Шахсони воқеӣ - ғайрирезидентҳо метавонанд маблағро берун аз Тоҷикистон бо асъори хориҷӣ аз суратҳисоби ҷорӣ ё корт бо асъори пардохт гузаронанд.

Интиқоли асъори хориҷӣ ба хориҷа аз ҷониби шахси воқеӣ - ғайрирезидент дар ҳолати мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи қонунӣ будани бошиши ғайрирезидент дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (мавҷудияти раводиди амалкунанда, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи манбаъи пайдоиши маблағ).

Барои интиқоли маблағ, шахси воқеӣ ба бонк ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва супориши пардохтро пешниҳод мекунад.

Ба шахсони воқеӣ - ғайрирезидент иҷозат дода мешавад, ки интиқолро берун аз ҳудуди Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи манбаъҳои пайдоиши асъор интиқол диҳанд.

3. Муҳлати интиқол

  • аз 1 то 3 рӯзи корӣ

4. Миқдори ҳадди аққал ва ҳадди ниҳоии интиқоли маблағ, агар чунин миқдор бо назардошти маҳдудиятҳои маблағҳои ба кишварҳои хориҷӣ интиқолшаванда, ки қонунгузории кишвари дахлдор пешбинӣ кардааст, муқаррар карда шуда бошад:

  • Ба манфиати бонкҳо ва кишварҳои гиранда маблағи ҳадди аққал ва ҳадди ниҳоӣ вуҷуд надорад. 

5. Асъори интиқоли маблағ ва қурби мубодила


  • доллари ИМА (USD) 
  • евро (EUR)
  • рубли Русӣ (RUB)
  • асъори дигар бо дархости ирсолкунанда

6. Интиқол/гирифтани маблағ, шартҳои бастан, бекор кардан, тағйир додани маълумот, бекор кардани интиқоли пул ва баргардонидани маблағҳои интиқолшуда

Гузаронидани пардохтҳо тибқи Тарофаҳо сурат мегирад ва барои амалиётҳои воридшуда ягон комиссияҳои иловагӣ ситонида намешавад. Пардохт ҳаққи хизматрасонӣ аз ҷониби бонкҳои муросил нигоҳ дошта мешаванд (ситонида мешаванд). 

Навъи пардохти ҳаққи хизматрасонӣ низ муҳим аст: 

  • навъи OUR – ҳаққи хизматрасониро ирсолкунанда пардохт мекунад
  • навъи SHA – хароҷоти ирсолкунандаи маблағро ирсолкунанда пардохт мекунад, хароҷоти гирандаи маблағро - гиранда;
  • навъи BEN – ҳама хароҷоти пардохтро қабулкунанда пардохт мекунад.

Барои бозхондан, тағйир додани маълумот, бекор кардани интиқоли пул ва баргардонидани маблағҳои интиқолшуда, бояд ба сохтори хидматрасон дархости расмӣ ирсол карда шавад, ки дар он бояд маълумоти пардохт нишон дода шавад. Ҳаққи хизматрасонӣ барои пардохтҳо тибқи Тарофаҳо ситонида мешавад. 

7.        Тартиби даъво кардан ва тартиби ҳалли баҳсҳо  https://eskhata.com/tj/about/cl_rights.php

 

 

ба боло