Аккредитив ва кафолат

ҶСК «Бонки Эсхата» маблағгузории амалиётҳои содиротию воридотиро барои мизоҷон-бонкҳои ҳамкор пешниҳод мекунад. Маблағгузорӣ дар мӯҳлати кӯтоҳ ва дарозмӯҳлат то 3 сол пешниҳод карда мешаванд. Амалиётҳо дар асъори озоди мубодилавӣ, ҳамчунин асъори ФР гузаронида мешаванд.

Бонк таҷрибаи бои хизматрасонии шатрномаҳои иқтисоди берунаи бонкҳои ҳамкорро дорад. Талаботҳои тиҷорати байналхалқӣ бо ташкилотҳои хориҷаи дуру наздикро таъмин намуда, амалиётҳоро оид ба кушодани аккредитивҳои тасдиқшуда, аз ҷумла маблагғгузории баъдина, кафолат дар намуди аккредитив Stand By ва истифодаи шабакаи карзии бонкҳои хориҷаро пешниҳод дорад.

Дар айни ҳол Бонки Эсхата шабакаи васеи қарзиро аз бонкҳои пешрафтаи ҷаҳон дошта, дар самти тиҷорати молиявӣ  ва амалиётҳои ҳуҷҷатӣ бо чунин институтҳои молиявӣ мисли Commerzbank AG (Germany), Бонки аврупоии Рушду Тачдид (Лондон, Англия), Корпоратсияи молиявии байналхалқӣ  (Нью Йорк, ИМА), Бонки Рушди Осиё (Филиппин), Промсвязбонк (Москва, Руссия), Новикомбанк (Москва, Руссия), Казкоммерцбанк (Алмаато, Қазоқистон) ҳамкории зич дорад.

Кормандони Бонк ба мизоҷон оид ба масъалаҳои фаъоияти иқтисоди беруна ва ҳисоббаробаркунии байналхалқӣ маслиҳатҳои муфид дода, оптимизатсияи схемаи ҳисоббаробаркунӣ оид ба шартномаҳои тиҷоратӣ берунаро ба роҳ мемонад.

Бонки мо аз рӯи аккредитив чунин хизматрасониҳоро пешниҳод дорад:
  • Барориши аккредитив
  • Тасдиқи аккредитив
  • Пешниҳоди маблағгузорӣ оид ба аккредитив
  • Визакунонии аккредитив
  • Барориши ҳамаи намуди кафолат
  • Ҷалби тасдиқи бонкҳои сеюм

ба боло