Эълон оиди гузаронидани маҷлиси ғайринавбатии саҳмдорони ҶСК “Бонки Эсхата”
20.03.2024

Эълон оиди гузаронидани маҷлиси ғайринавбатии саҳмдорони ҶСК “Бонки Эсхата”

ҶСК “Бонки Эсхата” ба маълумоти саҳмдорони Бонк мерасонад, ки санаи 26 апрели соли 2024, соати 09:00 Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон баргузор мегардад.
Шакли баргузории маҷлис – рӯ ба рӯ, ҷои баргузорӣ – бинои Сарбонк, суроға: ш.Хуҷанд, к.Гагарин 135 , усули баргузорӣ – рӯ ба рӯ: ҳузури шахсӣ ё фосилавӣ тавассути барномаи “Zoom”.
Санаи тартиб додани рӯйхати шахсоне, ки барои иштирок дар Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони ҶСК “Бонки Эсхата” ҳуқуқ доранд- 20 марти соли 2024:
Рӯзномаи маҷлис:
1.    Интихоби раискунанда ва эълони кворум барои гузаронидани маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони  ҶСК “Бонки Эсхата”
2.    Маъқул донистани номзадии пешниҳоднамудаи БАТР ба ҳайати Шӯрои нозирони ҶСК “Бонки Эсхата”
Ҳангоми пайдо шудани саволҳо, шумо метавонед бо Котиби корпоративии Бонк- Фарангис Суванова бо рақами телефонии (44) 600-0-600 ё ба суроғаи электронии CorporateSecretary@eskhata.tj, тамос гиред.


Возврат к списку

ба боло