Як адад ноутбук аз Бонки Эсхата ба ғолиби интернет олимпиада
19.03.2024

Як адад ноутбук аз Бонки Эсхата ба ғолиби интернет олимпиада

Бонки Эсхата дар чорабинии Рузи дарҳои кушоди Донишгоҳи Ҳуқуқ Бизнес ва Сиёсати Тоҷикистон ҳамчун яке аз беҳтарин корфармоёни кишвар иштирок намуд.
Дар рафти он ҳамчунин дигар ташкилотҳои молиявӣ ва хамткунандагони мактабҳои миёнаи шаҳр иштирок доштанд. Мутахассисони Бонк зимни чорабинӣ ба донишҷӯён ва хамткунандагони мактаб доир ба воситаҳои пардохтҳои ғайринақдӣ ва тарзи истифодабарии он маълумоти дақиқ доданд. Ҳамчунин ба хоҳишмандон замима барномаи Эсхата онлайн насб карда шуд.

Дар рӯзи дарҳои кушод дар Донишгоҳи Ҳуқуқ Бизнес ва Сиёсати Тоҷикистон ғолибони интернет олимпиада-хамткунандагони мактабҳои миёнаи шаҳр қадрдонӣ шуданд.

Дар бахши супоридани туҳфаҳо, аз тарафаи мутахассисони Бонк ба ғолиби Олимпиада як адад ноутбук тақдим карда шуд.
Бояд гуфт, ки Бонки Эсхата ҳамеша дар баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ мусоидат  намуда, дар чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамояд.


Возврат к списку

ба боло