Имрӯз Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аст!
15.03.2024

Имрӯз Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аст!

Мизоҷони муҳтарам!
Ҳамасола дар ҶТ 15 -уми март Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил мегардад.
Бояд зикр намуд, ки муносибатҳои байни истеъмолкунандагон, истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон ва фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” танзим менамояд.
Дар ин замина Бонки Эсхата дар қатори дигар ташкилотҳои молиявии кишвар ҷиҳати такмили механизми ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад.
Агар Шумо доир ба ягон намуди хизматрасонӣ арзу шикоят дошта бошед метавонед ба рақами 808  занг занед ё дар сомонаи расмии Бонк www.eskhata.tj гузоред.
Бонк ҳамеша омода аст, арзу шикоят ва таклифу пешниҳоди шуморо дида баромада, ҳалли онро таъмин намояд.
Суроғаи Сарбонк: ш. Хуҷанд, кӯч. Гагарина 135
Телефони бовари БМТ: 44 600 15 20
ALLOMUSHTARI@NBT.TJ


Возврат к списку

ба боло