"Эсхата Онлайн" дар байни барномаҳои мобилии бонкӣ дар Тоҷикистон пешсаф аст!
02.02.2024

"Эсхата Онлайн" дар байни барномаҳои мобилии бонкӣ дар Тоҷикистон пешсаф аст!

"Эсхата Онлайн" беҳтарин барномаи мобилӣ мебошад, ки аз ҷониби коршиносон эътироф шудааст. Мо ифтихор дорем, ки барномаи мо бо эргономика ва функсионали худ фарқ мекунад, ки он дар натиҷаҳои тадқиқоте, ки тарафи Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон (АТМХТ) ва агентии машваратии “SMART” гузаронида шудааст, тасдиқ мегардад.

Дар ин тадқиқоти калон 11 муассисаи молиявии кишвар иштирок намуданд. Мо мақоми пешсафиро соҳиб шуда, балли баландтарин – 70,3-ро гирифтем ва бо ифтихор гуфта метавонем, ки “Эсхата Онлайн” дорои таҷрибаи хуби корбарӣ ва доираи васеи функсияҳои осону қулай, аз қабили идоракунии суратҳисобҳо, пардохтҳо ва муомилоти пулӣ, амнияти боэътимод ва дигарҳо мебошад.

Бояд қайд кард, ки барномаи мобилии мо имрӯз аз ҷониби беш аз як миллион нафар истифода бурда мешавад ва шумораи онҳо зиед мегардад. Мо пайваста барномаи худро барои қонеъ кардани ҳама ниёзҳои мизоҷонамон такмил медиҳем. 

Агар шумо ҳанӯз ҳам истифодабарандаи “Эсхата Онлайн” нестед, мо шуморо даъват менамоем, ки ба ҷомеаи бузурги мо ҳамроҳ шавед ва аз тамоми бартариҳои барномаи мобилии мо баҳра баред. Барномаро дар ин ҷо зеркашӣ кунед: http://eskhata.com/online  

Бонки Эсхата омода аст, ки шуморо дар роҳи муваффақият ҳамроҳӣ кунад. Имрӯз ба мо ҳамроҳ шавед ва бо ёрии “Эсхата Онлайн” ҳаёти молиявии худро осонтар гардонед.

Бонки Эсхата: «Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!»


Возврат к списку

ба боло