Бонки Эсхата “Беҳтарин инфрасохтори содиротӣ” дониста шуд!
30.11.2023

Бонки Эсхата “Беҳтарин инфрасохтори содиротӣ” дониста шуд!

Бонки Эсхата дар рӯзи таҷлили 29-умин солгарди таъсисёбиаш ҷоизаро соҳиб шуд, ки барои кулли кормандони бонк дастоварди навбатӣ ба ҳисоб меравад.

Соли дуюм аст, ки Бонки Эсхата дар Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон” иштирок карда, дар номинатсияи “Беҳтарин инфрасохтори содиротӣ” ғолибиятро ба даст меорад.

Маросими ҷоизасупорӣ дар меҳмонхонаи Хайят Риҷенси ш.Душанбе санаи 29.11.2023 сол баргузор гардид, ки дар он аз 84 субъекти ватанӣ, сарфи назар аз шакли моликият, ки ба содироти маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ машғул мебошанд, 51-тоаш ғолиб дониста шуда, ҳавасманд гардиданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» соли дуюм аст, ки аз ҷониби Агентии содирот дар якҷоягӣ бо Вазорату идораҳои дахлдор, кӯмаки сарпарастон ва шарикони рушд гузаронида шуда, бо дастгирии Ҳукумати ҶТ дар доираи «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баргузор мегардад.

Бояд қайд кард, ки Бонки Эсхата дар самти содироти Тоҷикистон, бо пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба корхонаҳои кишвар дастгирии молиявӣ мерасонад. Ба санаи 30.09.2023 сол зиеда аз 300 корхонаи бузурги кишвар аз ҷониби Бонки Эсхата маблағгузорӣ шудааст.

Ҳамин тариқ, Бонк дар татбиқи “Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” мусоидат намуда, дар вусъат додани муомилоти тиҷорати беруна ва рушди фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, ки ба содироти маҳсулот нигаронида шудааст, мусоидат менамояд.

Бонки Эсхата: "Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!"


Возврат к списку

ба боло