29 сол бо Шумо!
29.11.2023

29 сол бо Шумо!

Муҳтарам Саҳмдорон, Шарикон ва Мизоҷони Бонк!

Имрӯз Бонки Эсхата 29-солагии таъсисёбии худро таҷлил мекунад. Рушди босуръати Бонк асосан ба шарофати Шумо имконпазир гардид. Барои бовариатон миннатдорем, зеро эътимоди Шумо барои мо арзиши бебаҳост!

Орзу мекунем, ки ҳамкории мо ба сатҳи нав баромада, барои ҳар ду тараф субот ва шукуфоӣ оварад. Дар ин рӯзи фархунда, мехоҳем оиди муваффақият ва дастовардҳои Бонк, ки дар шарикӣ бо Шумо ба даст овардем, пешниҳод намоем (маълумот ба санаи 30.09.2023):

• Зиёда аз 1 800 000 нафар мизоҷон дар ҳамкорӣ бо Бонки Эсхата аз хизматрасониҳои босифати молиявӣ истифода карданд

• Зиёда аз 300 корхонаи калонтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявӣ аз Бонки Эсхата фаъолияташонро рушд доданд.

• Зиёда аз 15 300 нафар соҳибкорон дар ҳамкорӣ бо мо тиҷорати худро васеъ намуданд

• Зиёда аз 2 100 хоҷагии қишлоқ дар ҳамкорӣ бо мо ҳосили фаровонро ба даст оварднанд

• Зиёда аз 147 000 оилаҳои Тоҷикистон ниезҳои худро оид ба харидорӣ намудани техникаи маишӣ, пардохти маблағи хониш, табобату истироҳат, харид ва таъмири манзил қонеъ гардониданд  

• Зиёда аз 508 200 нафар мизоҷон аз кортҳои пардохтии Бонки Эсхата истифода бурда, интиқол ба корт, пардохтҳои ғайринақдӣ ва пардохти молу хизматрасониро анҷом медиҳанд.

• Зиёда аз 438 200 нафар ҳамроҳи мо ба хизматрасонии фосилавӣ гузаштанд ва аз барномаи мобилии “Эсхата Онлайн” фаъолона истифода мебаранд

• Тақрибан 60 000 мизоҷон ба мо пулҳои худро бовар карда, аз пасандозҳои муҳлатнок даромад гирифтанд

• Зиёда аз 900 000 нафар сокинони мамлакати мо бо наздик кардани фосила, аз пайвандони худ интиқоли пулӣ гирифтанд

 

Ҳанӯз сол ба охир нарасидааст, аммо гӯшаи дастовардҳои мо бо шаҳодатномаҳо ва ҷоизаҳои нав пурра гардид, аз ҷумла:

• Бонки Эсхата ғолиби озмуни “Plus Award” Fintech Borderless Eurasia Digital, ки дар натиҷа интернет-бонкинги “Эсхата Бизнес” дар бахши “Хизматрасонии беҳтарини бонкӣ барои тиҷорати хурд” пешсаф дониста шуд.

• Ҷоизаи бренди корфармо 2023. Барандаи медали нуқра дар бахши "Натиҷаи тиҷорат" ва барандаи медали биринҷӣ дар бахши "Пешрафти сол".

Барандаи нуҳкарата дар категорияи «Фаъолтарин бонки эмитенти Тоҷикистон» аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 аз ҷониби БАТР дар доираи Барномаи мусоидат ба маблағгузории тиҷорат (TFP).

• Ҷойи дуюм дар озмуни «Беҳтарин ташкилоти молиявию қарзӣ оид ба хизматрасонии соҳибкории занон» дар бахши «Пешниҳоди кафолати бонкӣ» - 2022 аз БМТ.

• Ҷоизаи тиллои «Бренди сол - 2022», дар доираи озмуни «Қуллаи шараф», ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази миллии иттилооти патентӣ»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

· Ҷоиза ба ну нафар зан - кормандони бонк дар доираи озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон”, ки бо дастгирии БМТ гузаронида шуд.

• Ҷоизаи сипос аз оператори пешбари инноватсионии кишвар Tcell барои ҳамкории пурсамар ва мутақобилан судманд дар тӯли 20 сол

 

Ба муносибати зодрӯз одатан қабули табрикот ба назар мерасад, аммо мо мехоҳем онҳоеро, ки ҳамеша ҳамроҳи мо ҳастанд муборакбод намоем, зеро шуморо узви оилаи худ мешуморем. Инчунин ба онҳое, ки дар ҳаёт ва рушди Бонк фаъолона ширкат меварзанд, изҳори сипосмандӣ баён менамоем. Муваффақияти Бонки Эсхата танҳо ба шарофати эътимод ва боварии мизоҷони мо, ҳамкории судманд бо шарикон, дастгирии Ҳукумат, кӯмаки саҳҳомон, аъзои Шӯрои нозирон ва Раёсати бонк, инчунин меҳнату садоқатмандии кормандони Бонки Эсхата мумкин аст.

Ташаккур, ки Бонки Эсхатаро интихоб менамоед!

 

Бо эҳтиром,
Раиси Раёсати 
ҶСК «Бонки Эсхата»
Акмалҷон Сайфидинов

Бонки Эсхата: "Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!”


Возврат к списку

ба боло