Муқовимат ба коррупсия кори сарҷамъона аст!
20.11.2023

Муқовимат ба коррупсия кори сарҷамъона аст!

Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро барои ошкор, пешгирӣ ва бартараф кардани сабабу шароити ба омилҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти кишварро дар бар мегирад.

Некӯаҳволии мардум ҳадафи олии роҳбарияти ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ, ба мушкилоти коррупсия низ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз масъалаҳои глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, содиршавии чунин ҷиноятҳо ба сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, мафкураи инсоният таъсири манфии худро мерасонад.

Дар ин самт ҶСК “Бонки Эсхата” баҳри амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даври то 2030 як қатор корҳоро ба нақша гирифтааст, аз ҷумла баланд бардоштани маърифатнокии зиддикоррупсионии аҳолӣ ва кормандон, таъмини муборизаи ошкоро бар зидди коррупсия ва дастрасӣ ба иттилоот, интишор намудани маълумот оид ба пешгирии коррупсия, пешгӯӣ намудани сабабу шароитҳои ба амалҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, мусоидат ба кам кардани ҳолатҳои коррупсионӣ дар ҷумҳурӣ ва тақвият бахшидани шаффофияти фаъолияти кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии ҳамаи кормандони бонк дар самти мубориза бо коррупсия.

Пушида нест, ки коррупсия ба пешрафти ҷомеа ва рушду нумӯи он халал расонида, сатҳи некӯаҳволии мардумро паст месозад. Муқовимат ба коррупсия кори дастҷамъона буда, аз ҳар як фарди кишвари азизамон ҳамдастӣ ва мусоидат дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлубро талаб менамояд.

Ниҳоят ба мизоҷону кормандони бонк муроҷиат карда, гуфтанием, ки агар боре шоҳиди амалҳои коррупсионӣ гардед, пас ҳатман тариқи телефони боварии доимоамалкунандаи 808 ё тариқи гузариш ба истиноди мазкур https://eskhata.com/about/compliance.php#hotline ба  Бонки Эсхата  муроҷиат намоед. 

Мо махфияти маълумотро кафолат медиҳем.

ҶСК “Бонки Эсхата”

 


Возврат к списку

ба боло