17.11.2023

Ҳайати нави Шӯрои нозирони ҶСК «Бонки Эсхата» тасдиқ карда шуд

Санаи 10 ноябри соли 2023 дар ҶСК «Бонки Эсхата» (минбаъд Бонки Эсхата) Маҷлиси ғайринавбатии саҳмдорон баргузор гардид. Дар рафти маҷлис ҳайати нави Шӯрои нозирон (минбаъд ШН) тасдиқ карда шуд, ки Раиси он Райнер Мюллер-Ҳанке таъин карда шуд. Ҳайати ШН бинобар ба охир расидани муҳлати ваколати ҳайати қаблӣ аз нав интихоб карда шуд. Бонки Эсхата ҳайати нави директорони соҳибихтисоси Шӯрои нозиронро, ки аз ҳисоби коршиносони сатҳи байналмилалӣ ташаккул шуд, хуш омадед мегӯяд:

 Мюллер – Ҳанке Райнер. Раиси Шӯрои нозирон.

 Амрина Марал. Директори мустақил. Раиси Кумита оид ба таъинот ва мукофотонӣ.

Клас Вернер. Директори мустақил. Раиси Кумита оид ба комплаенс ва идоракунии хавфҳо. Раиси Кумита оид ба идоракунии бизнес-стратегияҳо.
 
Нуркенов Габит. Директори мустақил. Раиси Кумита оид ба табдилдиҳии рақамӣ.

Филатов Александр. Директори мустақил. Раиси Кумита оид ба идоракунии корпоративӣ ва рушди устувор (ESG).

Эшонкулов Бахтиёр. Директори мустақил. Раиси Кумитаи аудит.

Бонки Эсхата боварии комил дорад, ки ба шарофати сатҳи баланди корозмудагӣ ва муносибати пурмасъули директорони ҳайати нави ШН, дар ҳамкории зич бо Раёсат ва саҳмдорон, бонк ба натиҷаҳои нави баланд ноил гардида, мавқеи худро дар бозори молиявии кишвар мустаҳкам хоҳад кард.

Саҳмдорон ва Коллективи бонк бори дигар ба ҳамаи директорони собиқи ШН, мутахассисони соҳаи бонкӣ Фируза Исхакова, Ашот Осипян ва Хуршид Зайнутдинов барои саҳм ва кӯшиши бебаҳояшон дар гузариши Бонки Эсхата ба сатҳи нави рушд изҳори миннатдорӣ мекунанд.

Бонки Эсхата: «Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо

 

Котиби корпоративӣ,
Фарангис Суванова

 


Возврат к списку

ба боло