Зан будан ифтихор аст!
15.11.2023

Зан будан ифтихор аст!

Имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо шоҳиди дастовардҳои бузург ва саҳми зан-модари тоҷикро дар рушди ҳар гуна соҳаҳои фаъолият мушоҳида менамоем. Хушбахтона имрузҳо таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат ва ташкилотҳои байналмилаливу маҳаллӣ ба бонувони фаъоли Тоҷикистон низ хеле бузург аст, ки дар пешбурди тиҷорат, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва мақоми зан дар ҷомеъа дида мешавад.

Имрӯз санаи 15 ноябри соли равон Бонки Эсхата дар ҳамоиши "Рушди соҳибкории занон" Экспо 2023, ки дар меҳмонхонаи Hyatt Regency ш.Душанбе баргузор гардид, иштирок кард.

Бонки Эсхата пайваста занони соҳибкорро дастгирӣ карда, дар доираи лоиҳаи "Зан дар тиҷорат", ки аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд роҳандозӣ мешавад, то имрӯз ба маблағи зиеда аз 221 млн.сомонӣ қарз пешниҳод намуда, барои рушди тиҷорати зиёда аз 1900 нафар соҳибкорзанони кишвар саҳмгузор шудааст.  

Бояд қайд кард, ки дар ин радиф Бонк яке аз ҳадафҳои рушди устуворро, ки баробарии гендерӣ ном дорад татбиқ намуда, саҳми худро барои дастгирии бонувони Тоҷикистон гузошта истодааст.

Бонки Эсхата: “Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!”


Возврат к списку

ба боло