Сармоягузорӣ ҳамчун манбаи рушди иқтисодӣ
08.11.2023

Сармоягузорӣ ҳамчун манбаи рушди иқтисодӣ

Аз соли 2007 инҷониб ҳаҷми маблағи сармояи ҷалбшуда ба Бонки Эсхата беш аз 500 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра маблағи ҷамъшуда барои дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна, кишоварзӣ, тиҷорати занон, саноат ва истеҳсолот равона карда шуд.

Дар ин самт Бонки Эсхата дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ – шарикони рушди бонк, аз қабили Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD), Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC), DEVELOPING WORLD MARKETS, Бонки Осиёи Рушд (ADB), Бонки Рушди Олмон (KfW), BlueOrchard, Symbiotics, Incofin тавассути ҷалби сармояи хориҷӣ фаъолияташро пеш бурда, барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт саҳмгузор шудааст.

Бо мақсади дастгирии бахшҳои гуногуни иқтисодиёт тавассути татбиқи лоиҳаҳои на танҳо дорои хусусияти тиҷоратӣ, балки дорои хусусияти иҷтимоӣ дошта низ саҳм гузоштаст. 

Ин лоиҳаҳо:
• Барномаи тақсимоти хатар / RSF
• Барномаи дастгирии занон дар тиҷорат
• Барномаи GEFF – Фонди маблағгузории иқтисоди сабз дар Тоҷикистон
• Лоиҳаи «Маблағгузории тиҷорат»
• Лоиҳаи «Маблағгузории сабз»
• Барномаи маблағгузории устувории иқлим CLIMADAPT

Бонки Эсхата минбаъд низ ҳамчун яке аз бонкҳои пешрафта ва низомсози кишвар бо истифода аз фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, баҳри мустаҳкам кардани муносибатҳо байни сармоягузорони хориҷӣ ва Бонк боз ҳам кушиш ба харҷ медиҳад ва ҳамзамон барои дар амал татбиқ намудани стратегияи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд.

Бонки Эсхата: “Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!”



Возврат к списку

ба боло