Барои мусоидат дар рушду пешравии Бонк сипосгузорем!
07.11.2023

Барои мусоидат дар рушду пешравии Бонк сипосгузорем!

ҶСК «Бонки Эсхата» ба директорони мустақил: хонум Фируза Исхакова, ҷаноби Хуршид Зайнутдинов ва ҷаноби Ашот Осипян барои фаъолияти пурсамарашон баҳри рушд ва шукуфоии "Бонки Эсхата" дар панҷ соли охир миннатдории беандозаи худро изҳор медорад.  

Моҳи сентябри соли ҷорӣ муҳлати панҷсолаи ваколатҳои директорони мустақили номбурда – мутахассисони соҳаи бонкӣ ба охир расид, аммо саҳми гузоштаи онҳо бебаҳо дониста шуда, барои гузаштани "Бонки Эсхата" ба сатҳи нави рушд такони муайяне гардид.

Мехостем саҳми ҳар як директорро дар давоми кор дар Бонк алоҳида қайд намоем:

Фируза Исхакова – мутахассиси соҳаи рушди бонк ва идоракунии корпортаивӣ, аввалин зан ба ҳайси Раиси Шӯрои нозирон дар байни бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар давраи фаъолияти худ Фируза ислоҳоти корпоративиро оғоз намуда, онро сарварӣ намудааст, ба идоракунии корпоративӣ ва рушди минбаъдаи он дар Бонк замина гузоштааст, шахси калидӣ дар муайян намудани рисолати навшудаи Бонк, яке аз ташаббускорони Лоиҳаҳои ESG, лидери эътирофшуда, роҳбари бонуфуз мебошад!

Ашот Осипян – Бонкдори маъруф дар арсаи байналмилалӣ, коршинос дар соҳаи идоракунии хавфҳо, банақшагирии стратегӣ ва идоракунии хавфҳо, инчунин, устоди бебаҳо. Таҳти роҳбарии бевоситаи ҷаноби Осипян, низоми идоракунии комплаенс-хавфи Бонк рушд ёфта, таҳким дода шуд, ҷиҳати таъмини риояи сиёсат оид ба МҚД/МТ/МПСҚО, стратегияи рушд ва табдилдиҳии рақамии Бонк муайян карда шуд. Ҷаноби Осипян дар таҳия ва қабули арзишҳои нави корпоративии Бонк нақши муҳим бозидааст, коуч, устод ва намунаи ибрат аст!  

Хуршид Зайнутдинов – коршиноси касбӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо, идоракунии кормандон, аудити дохилӣ ва назорати молиявӣ. «Мутахассиси машҳур оид ба хавф», «Директори инсонпарвар ва одил», «Нексиришттарин аъзои Шӯрони нозирон» Хуршидро "берун аз Шӯро" чунин меноманд. Дар давоми фаъолияти худ ҷаноби Зайнутдинов лоиҳаҳои глобалии трансформатсиониро дар самти низомҳои идоракунии кормандон, идоракунии хавфҳо дар Бонк ва такмили онҳо дар асоси принсипҳои таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ роҳбарӣ кардааст. Роҳбари баландғоя ва оқил, мутахассиси кори худ мебошад!

Бо шарофати сатҳи баланди кордонӣ ва вафодории комили Фируза, Ашот ва Хуршед дар якҷоягӣ бо дигар директорони Шӯрои нозирон ва дар ҳамкории зич бо Раёсат ва саҳмдорони Бонк, Бонки Эсхата тайи панҷ соли охир дар такмили низоми идоракунии корпоративӣ, таҳкими ҳамкории самаранок бо танзимгар, инчунин, бо мизоҷон ва шарикони Бонк ва дар баробари таҳкими вазъи молиявӣ дар бахши бонкии кишвар ва таҳкими эътимоди амонатгузорон, ба натиҷаҳои баланд ноил гардид.  

Корҳои бебаҳои анҷомдодаи ин даста дар тамоми самтҳои фаъолияти Бонк бояд ҳатман зикр карда шаванд. Аз ҷумла, лоиҳаҳои зерини табдилдиҳии ҷаҳонӣ дар Бонк аз ҷониби мутахассисони баландихтисоси номбурда дар соҳаи бонкӣ оғоз гардидаанд:
-  муайян кардани арзишҳои корпоративӣ ва рисолати нави Бонк - "Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!"

- таъсиси шуъбаи ESG, ки таҳия ва қабули стратегияи ESG-и Бонк ва Ҳадафҳои рушди устувори Бонки Эсхатаро дар бар мегирад, ки ба Бонк барои аввалин муассисаи молиявии ESG дар Тоҷикистон будан, ки дар барориши аввалин вомбаргҳои "сабз" корбарӣ мекунад, имкон медиҳад;

- ташхиси мустақили низоми мавҷудаи идоракунии кормандон, ки дар натиҷаи он низоми баҳодиҳии шаффофе, ки рушди кормандони Бонкро дастгирӣ  мекунад ҷорӣ карда шуд;
- таъмини мустақилият ва пурзӯр намудани нақши аудити дохилӣ бо назардошти ҷорӣ намудани равиши ба хавф нигаронидашуда ба аудити дохилӣ;
- ташхиси мустақили низоми комплаенс-хавфи Бонк бо таъсиси Департаменти комплаенс-хавф ва пурзӯр намудани вазифаи он, ки бевосита тобеи Шӯрои нозирон мебошад; 
- гузаронидани баҳодиҳии мустақили аввалини фаъолияти ШН байни ташкилотҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоти байналмилалии эътирофшуда;
- роҳбарӣ ва иштирок дар таҳияи стратегияи нави Бонк бо таваҷҷӯҳ ба ҷорӣ намудани технологияҳои баланди рақамӣ. 

ҶСК «Бонки Эсхата» бо директорон хайру хуш намекунад ва  ҳамкориҳои минбаъда ва кори муштарак баҳри беҳбудӣ ва рушди на танҳо Бонки Эсхата, балки тамоми бахши бонкии кишварамон умедвор аст! 

Муҳтарам Фируза, Хуршид ва Ашот, 
Ба тамоми корҳоятон муваффақият ва комёбиҳо таманно дорем!

Бо эҳтиром,
ҶСК «Бонки Эсхата»



Возврат к списку

ба боло