Бонки Эсхата – шарики кулли Фестивали саводнокии молиявӣ дар ш.Хуҷанд
27.10.2023

Бонки Эсхата – шарики кулли Фестивали саводнокии молиявӣ дар ш.Хуҷанд

Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳамдастии Бонки Эсхата, ки шарики кули  Фестивали «Саводнокии молиявӣ» дар ш.Хучанд аст, санаи 26 октябр чорабинии калони баргузор гардид.

Дар ҷараёни Фестивали «Саводнокии молиявӣ» намоиши хизматрасонии молиявӣ ва суғуртавӣ, Форуми саводнокии молиявӣ, машваратҳо, бурди туҳфаҳо, барномаи фароғатии кӯдакона, стенд-ап дар мавзуи молия, инчунин  барномаҳои консертӣ ташкил карда шуд.

Ҳадаф аз баргузории Фестивали «Саводнокии молиявӣ» баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии молиявии ҷомеа ва сарфакорона истифода намудани пасандозҳо арзёбӣ гардид.

Бонки Эсхата ҳамчун шарики кулли чорабинии мазкур баромад карда, дар доираи он озмунро таҳти унвони “Бо Бонки Эсхата аз ҷиҳати молиявӣ саводнок шавед” ташкил кард. Аз руи шартҳои озмун наврасону ҷавонони то 30 сола бояд ба Бонки Эсхата видеоролик омода сохта, ирсол намоянд. Ғолибони видеоролики беҳтарин дар Фестивали саводнокии молиявӣ эълон карда шуда, соҳиби тухфаҳои пулӣ гардиданд.

Ҷои аввал ва туҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 6000 сомони ба Шакарбек Азимуродзода 
Ҷои дуюм ва туҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 4000 сомони ба Фотех Юсупов
Ҷои сеюм ва туҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ ба Акмал Султонов супорида шуд.

Дар рафти Фестивал Ярмаркаи маҳсулотҳои муассисаҳои молиявӣ, суғуртавию омӯзишӣ ва ҳунари дастии соҳибкорони маҳалӣ доир гардид, ки чорабиниро зеботару ҷолибтар гардонид.

Дар доираи Фестивал инчунин Форуми саводнокии молиявӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати вилояти Суғд, Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳо ва муассисаҳои молиявӣ баромад карданд.

Аз ҷониби Бонки Эсхата Юлия Глиняная, аъзои Раёсати Бонк дар мавзуи “Роҳҳои баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ” маъруза карда, ба саволҳои ҳозирин посухи мушаххас дод. Аз ҷониби Бонки Эсхата ба муаллифони саволҳои ҷолибу шавқовар туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Қисми дуюм ва сеюми Фестивал фароғатӣ буда, аз барномаи бачагонаи шавқовар, викторина, баромади ҳаҷвнигорони Стенд-ап  ва консерт бо баромади санъаткорони шинохтаи кишвар ҷамъбаст гардид.

Бояд қайд кард, ки Бонки Эсхата дар самти баланд бардошатни маърифатнокии молиявии мардум мусоидат намуда, дар чорабиниҳои сатҳи вилоятиву чумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамояд.

Бонки Эсхата: “Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!”


Возврат к списку

ба боло