Фоизро паст кардем - акнун АВТОҚАРЗ боз ҳам дастрастар шуд!
25.10.2023

Фоизро паст кардем - акнун АВТОҚАРЗ боз ҳам дастрастар шуд!

Оё шумо аксар вақт ба Somon.tj барои таҳлили нархи мошинҳо ворид мешавед? Ё ба мошини нави ҳамкасби худ нигоҳ мекунед ва дар орзуи ҳамон мошин ҳастед? Ё шояд шумо мехоҳед ба нақлиёти барқӣ гузаред ва электромобилро харидорӣ намоед, аммо маблағи кофӣ надоред?

Аз АВТОҚАРЗИ Бонки Эсхата бо шартҳои наву муфид истифода баред ва дар рӯзҳои наздик сари чанбараки автомобили дилхоҳатон нишинед. 

Мо фоизи қарзро паст кардем. Акнун барои харидани автомобил 24% солона ва барои харидани электромобил 22% солона муқаррар шудааст.

Дар доираи маҳсулоти мазкур дигар шартҳоро низ содда карда, пешпардохтро дар ҳаҷми 30% аз арзиши мошин то 01.01.2024с. бекор кардем. Маблағи қарз аз 10 000 то 300 000 сомониро ташкил медиҳад. Муҳлати қарз то 60 моҳ. Нақлиети харидоришаванда ҳамчун гарав хизмат мекунад.

Маълумоти бештар оид ба АВТОҚАРЗ дар ин ҷо https://eskhata.com/tj/individuals/lending/lending_types/#product-2013
Toyota, Hyundai, BMW, Mercedes, Opel, BYD ё дигар тамғаи автомобил ё электромобилро харидорӣ намоед ва орзуятонро амалӣ гардонед.

Барои Автоқарз дархостро дар ин ҷо гузоред https://promo.eskhata.com/autoqarz

Бонки Эсхата: «Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!»



Возврат к списку

ба боло