Акнун 22% солона! Соҳиби манзил шудан боз осонтар шуд!
23.10.2023

Акнун 22% солона! Соҳиби манзил шудан боз осонтар шуд!

Оё шумо аз иҷоранишинӣ, ки нисфи зиеди хароҷотро дар бар мегирад, хаста шудаед? Ё оилаи шумо калон мешаваду вақти он расидааст, ки ба фарзандонатон дар хариди хонаи нав кӯмак кунед? Ё шояд шумо солҳои зиёд барои манзили истиқоматӣ маблағро захира карда истодаед, аммо вақт мегузараду шумо маблағи заруриро ҷамъ карда наметавонед, зеро нархи хонаҳо боло рафта истодааст?

Мушкилоти манзили худро бо қарзи ипотекии Бонки Эсхата ҳал кунед.

Акнун 22% солона! Бонки Эсхата фоизи қарзи ипотекиро паст карда, яке аз роҳҳои маъмули ҳалли мушкилоти манзилро боз ҳам дастрастар намуд. Шумо метавонед ба муҳлати то 10 сол қарз гиред ва маблағи онро ҳар моҳ қисм-қисм пардохт карда, ба манзили шахсӣ як қадам наздик шавед. Бонк омода аст, ки 70% арзиши хонаро бо маблағи қарзӣ дастгирӣ намояд. Маблағи қарз аз 10 000 то 500 000 сомонӣ ва бо пули миллӣ пешниҳод мегардад. 

Бояд қайд кард, ки бонк на танҳо фоизи қарзро паст кард, балки маблағи онро зиёд намуда, дастрасии мизоҷонро ба қарзи ипотекӣ васеъ намуд.

Бонк бо мақсади дастгирии ташаббуси Ҳукумати кишвар ҷиҳати пешниҳод намудани қарзҳои ипотекӣ бо фоизҳои дастрас ва ҳамзамон мусоидат намудан ба беҳбудии вазъи зиндагии мардуми Тоҷикистон шартҳои ин намуд маҳсулотро дигаргун сохт.

Соҳиби манзил шудан боз осонтар шуд!

Тавассути истиноди мазкур дархости қарзӣ гузоред: https://promo.eskhata.com/ipoteka

Бонки Эсхата: “Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!”


Возврат к списку

ба боло