Даромад ва мизоҷонро аз даст надиҳед. Эквайринги тиҷоратро пайваст намоед!
20.10.2023

Даромад ва мизоҷонро аз даст надиҳед. Эквайринги тиҷоратро пайваст намоед!

Майда доред? — ин саволро харидорон аксар вақт аз хазинадорони нуқтаҳои савдо мешунаванд. Кормандони хизматрасони нуқтаҳои савдо бошанд, маҷбур мешаванд, ки аз мизоҷон ҷустуҷӯи пули майдаро хоҳиш намоянд, ки сабаби нороҳатӣ мегардад. Ҳамзамон то ҷустуҷӯи пули майда, дигарон бояд дар навбат интизор шаванд. Ин гуна ҳолатро чӣ гуна бояд пешгирӣ кард? Оё раванди пардохт ва интизориро дар назди хазинаи нуқтаи савдо содда кардан мумкин аст?

Албатта мумкин! 
Бонки Эсхата барои шасони ҳуқуқӣ хизматрасонии эквайринги тиҷоратро пешниҳод менамояд, ки бо пайвастшавӣ ба он соҳибони тиҷорат метавонанд раванди қабули пардохтро осон гардонида, ҳамзамон барои зиёд кардани шумораи мизоҷон ва афзоиш додани фурӯш мусоидат намоянд. 

Агар мағоза эквайринг надошта бошад, пас он наметавонад пардохтҳоро тавассути кортҳо ва смартфонҳо қабул кунад. Ин маънои онро дорад, ки агар харидор пули нақд надошта бошад, ӯ метавонад аз мағоза баромада равад ё барои ҷустуҷӯи наздиктарин банкомат вақташро сарф намояд.

Эквайринг чист ва он чӣ гуна кор мекунад?

Эквайринги тиҷоратро ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродӣ метавонанд пайваст намоянд. Барои ин, онҳоро лозим аст, ки аввал суратҳисоби бонкӣ кушоянд ва пас эквайрингро фаъол гардонанд. Барои пайваст шудан, ба бонк ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан лозим аст:

• Барои соҳибкорони инфиродӣ, ки тибқи патент кор мекунанд: патент, шиноснома + РМА
• Барои соҳибкорони инфиродӣ, ки тибқи шаҳодатнома кор мекунанд: шаҳодатнома, иқтибос, шиноснома + РМА
• Барои шахсони ҳуқуқӣ: шаҳодатнома, РМА-и ташкилот, Иқтибос, Оиннома, фармони ташкилот (қарор оиди таъсиси корхона), шиносномаи роҳбар + РМА, фармон дар бораи таъини роҳбар, шиносномаи муҳосиб + РМА, фармон дар бораи таъини муҳосиб, шиносномаи муассисон.

Раванди пайвастшавӣ чунин аст:

1. Суратҳисоби бонкӣ кушоед ва шартномаи эквайрингро ба имзо расонед
2. Бо намояндаи бонк оид ба рӯзи вохӯрӣ гапзанон кунед. Вай таҷҳизотро ба нуқтаи савдо оварда, пайваст мекунад.
3. Сипаси марҳилаи интегратсияи терминалро бо таҷҳизоти онлайн хазина гузаред. Раванди интегратсия аз хазина вобаста аст. Хадамоти дастгирии бонк ва хазина метавонад дар ин кор кӯмак расонанд. Интегратсия танҳо як маротиба сурат мегирад, пас аз он ҳама чиз ба таври автоматикӣ кор мекунад.
4. Аз харидорон пардохтҳоро қабул кунед

Пайвастшавӣ ва танзими эквайринг чанд рӯзро дар бар мегирад?

  • Барои насб кардани QR рамз то 3 рӯзи корӣ
  • Барои насб кардани POS терминал аз 3 то 5 рӯзи корӣ

Аз ҳама муҳимаш! Эквайринг ба тиҷорати шумо кӯмак мекунад, то ки даромади бештар гиред. Ба харидорон бошад, имконияти интихоб кардани намуди пардохтро пешкаш медорад. Хусусан дар ҳоле, ки пардохтҳои ғайринақдӣ аз ҷониби давлат фаъолона тарғиб дода мешаванд. Муассисаҳои молиявӣ бошанд омодаанд, ки ба мизоҷон барои истифодабарии пардохтҳои ғайринақдӣ кешбэк ҳадя намоянд.

Даромад ва мизоҷонро аз даст надиҳед, эквайринги тиҷоратро пайваст кунед!

Бонки Эсхата: «Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!»


Возврат к списку

ба боло