Бонки Эсхата дар номинатсияи «Хизматрасонии беҳтарини бонкӣ барои тиҷорати миёна» пешсаф гардид, яъне «Эсхата Бизнес»-и мо беҳтарин аст!
19.10.2023

Бонки Эсхата дар номинатсияи «Хизматрасонии беҳтарини бонкӣ барои тиҷорати миёна» пешсаф гардид, яъне «Эсхата Бизнес»-и мо беҳтарин аст!

Боз як хабари хуш дорем! Дар арафаи 29-умин солгарди таъсисёбии Бонки Эсхата, Бонк ҷоизаи навбатии озмуни “Plus Award”, Fintech Borderless Eurasia Digital-ро сазовор шуд, ки барои мо хеле муҳиму масрурбахш аст.

Лоиҳаи хизматрасонии фосилавӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, интернет-бонкинги «Эсхата Бизнес» дар номинатсияи «Хизматрасонии беҳтарини бонкӣ барои тиҷорати миёна» пешсаф дониста шуд.

Маросими ҷоизасупорӣ дар доираи Форуми байналмилалии «Технологияҳои моливӣ бидуни сарҳад. Digital Eurasia» 17-18 октябри соли 2023 дар ш. Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Дар озмун беҳтарин лоиҳаҳои рақамии ширкатҳои бонуфузи Русия ва ИДМ, аз ҷумла бонкҳо ширкат доштанд.

Бонки Эсхатаро кормандони Департаменти тиҷорати рақамӣ намояндагӣ карданд. Абдусалом Азимов, product - менеҷери бонк, яке аз маърӯзачиёни Форум буда, дар суханронии худ оид ба рақамисозии бахши бонкдорӣ баромад намуд.

Озмуни “PLUS Award” баҳои арзандаи дастовардҳои баланди соҳаи технологияҳои молиявӣ, муомилоти нақдӣ ва ғайринақдӣ, тиҷорати пардохтӣ, эҷод ва татбиқи хизматрасонӣ ва маҳсулоти пардохтӣ буда, барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба лоиҳаҳои инноватсионию технологӣ ва иҷтимоии самарабахш пешбинӣ шудааст, ки ба онҳо доираи васеи дастгирии иттилоотиро таъмин менамояд.

Ҷоизаи навбатӣ ҳамчун рамзи ифтихор ва эътирофи маҳорати касбӣ ва натиҷаҳои баланд гӯшаи ҷоизаҳо ва дастовардҳои Бонки Эсхатаро моро пурра хоҳад кард. Ин минбаъд моро водор мекунад, ки барои беҳтару хубтар намудани сифати хизматрасониҳои фосилавӣ фаъолона корбарӣ намоем. 

Бо камоли хушнудӣ мо ин ҷоизаро ба мизоҷони арҷманди бонк бахшида, барои интихоби хизматрасониҳои фосилавии Бонки Эсхата изҳори сипосмандӣ баен менамоем.

Бонки Эсхата: «Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!»



Возврат к списку

ба боло