Огоҳӣ дар бораи амалҳои қаллобӣ ҳангоми гирифтани пул аз банкоматҳо
14.06.2023

Огоҳӣ дар бораи амалҳои қаллобӣ ҳангоми гирифтани пул аз банкоматҳо

Мизоҷони муҳтарам!

Эҳтиёт бошед ва ба қаллобоне, ки ба шумо барои гирифтани пул аз банкомат кӯмак мекунанд, бовар накунед. Парол ва рамзҳои худро ба касе нагуед!

PIN - коди корт сиррест, ки ба касе набояд ифшо шавад. Беҳтараш онро ҳамроҳи корт гирифта нагардед. Ҳангоми ворид кардани PIN - код дар банкомат, шумо бояд ҳамеша клавиатураро бо даст пинҳон доред.

Инчунин рамзи барномаи мобилиро низ аз дигарон пинҳон доред.

Муҳим аст!

Кормандони бонк ҳеҷ гоҳ PIN-коди кортро талаб намекунанд. Танҳо қаллобон ба рамзҳои махфӣ таваҷҷӯҳ доранд. Фиребгар тайёр аст, ки худро на танҳо ҳамчун корманди бонк муариффӣ намояд, балки як раҳгузари тасодуфӣ, ки кӯмаки худро пешниҳод мекунад.

Маро ғорат карданд. Чӣ бояд кард?

Дарҳол ба бонк занг занед (рақамро барои тамос дар паси корт ё дар саҳифаи асосии сомонаи бонк дарёфт карда метавонед), дар бораи амалиёти қаллобӣ хабар диҳед ва кортро муҳосира кунед.

Иқтибоси суратҳисобро талаб кунед ва аризаро оид ба норозигӣ бо амалиёт нависед.

Ба шуъбаи милитсия  аз руи суроғаи зист муроҷиат намоед.

Тавсияҳо барои дорандагони кортҳои бонкӣ:

- Ҳеҷ гоҳ PIN- кодро ҳамроҳи корт надоред. Беҳтараш аз ед кунед

- Ҳеҷ гоҳ кортро ба шахси дигар надиҳед;

- Ҳеҷ гоҳ PIN-коди худро ба касе нагуед. На кормандони бонк ва на ходимони банкомат ҳақ надоранд онро талаб кунанд.

- Агар корт гум шуда бошад, фавран ба воситаи телефон хабар диҳед (рақам ҳамеша дар пушти корт ё дар саҳифаи асосии сомонаи расмии бонк ҷойгир аст)

Бо эҳтиром, Бонки Эсхата



Возврат к списку

ба боло