Бонки Эсхата "Фаъолтарин бонк - эмитент дар Тоҷикистон" аст!
25.05.2023

Бонки Эсхата "Фаъолтарин бонк - эмитент дар Тоҷикистон" аст!

Ҷоизаи 9-уми пай дар пай ва эътирофи навбатӣ!

Бонки Эсхата бори дигар дар номинатсияи «Фаъолтарин бонк - эмитент дар Тоҷикистон» - 2022 эътироф шуда, барандаи нӯҳкаратаи ҷоизаи мазкур гардид.

Ҷоиза аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар доираи Барномаи мусоидат ба маблағгузории тиҷорат (TFP) пешниҳод шудааст.

Имсол маросими ҷоизасупорӣ аз 16 то 18 май дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд. Аз ҷониби “Бонки Эсхата” Фурқат Ҳасанов, директори тиҷорати корпоративӣ ва Фирӯза Ҳотамова, мутахассиси калони маблағгузории тиҷоратӣ ширкат доштанд.

«Имрӯз Бонки Эсхата ягона барандаи нӯҳкаратаи ҷоизаи «Фаъолтарин бонк – эмитент дар Тоҷикистон» мебошад. Ин дастовард аз кори дастаҷамъонаи кормандони Бонки Эсхата шаҳодат медиҳад. Ҷоизае, ки аз ҷониби БАТР пешниҳод шудааст, моро бори дигар барои рушди минбаъда ва нигоҳ доштани мавқеи баланд дар бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон такони нав мебахшад», - иброз дошт Фурқат Ҳасанов.

Бояд гуфт, ки Бонки Эсхата аз соли 2004 инҷониб дар доираи Барномаи БАТР “Маблағгузории тиҷорат” (Trade Facilitation Progamm) мизоҷони худро дар муомилоти тиҷорати байналмилалӣ бо шартҳои мусоид дастгирӣ менамояд: содирот ва воридоти молҳо, мусоидат дар расонидани таҷҳизотҳо аз кишварҳои ИДМ, Аврупо ва Осиё, хизматрсонии машваратӣ ва ғайра.

Лоиҳа барои рушди маблағгузории тиҷорат дар Тоҷикистон имконият фароҳам оварда, ба рушди соҳибкорони кишвар тавассути пешниҳоди аккредитивҳо, кафолатҳои бонкӣ ва қарзҳои тиҷоратӣ мусоидат мекунад.

Бонки Эсхата: "Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!"


Возврат к списку

ба боло