![]() Аз 12%-и солона барои рушди тиҷорат
Дастгирии қарзии соҳибкории хурду миёна ҳадафи стратегии Бонки Эсхата маҳсуб меёбад. То ба имрӯз зиёда аз 400 нафар мизоҷони бахши тиҷорати хурду миёна аз Бонки Эсхата дастгирии молиявиро дар намуди қарзҳои имтиёзнок гирифта, тиҷорати худро рушд намуданд. Агар шумо дар соли 2023 нақшаи васеъ кардани тиҷорати хешро дошта бошед, пас метавонед ба Бонки Эсхата муроҷиат кунед. Соҳибони тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон имконият доранд, барои гирифтани қарзи фаврӣ ба маблағи то 10 миллион сомонӣ, мутаносибан бо доллари амрикоӣ ба муҳлати то 60 моҳ дар Бонки Эсхата дархост гузоранд. Қарз аз 12% солона барои қарз бо асъори хориҷӣ пешниҳод мегардад. Бонк хизматрасонии босифат ва фоизи нисбатан пастро кафолат медиҳад. Инчунин мизоҷон имконият доранд, ки бидуни таҳлили молиявии то 12 моҳ қарз бигиранд. Бонки Эсхата баробари дастгирии молиявӣ ба бахши соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон боз ба стратегияи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, бахусус истеҳсолоти ватанӣ саҳмгузор аст. Барои маълумоти иловагӣ ба рақами 808 занг занед. Бонки Эсхата: "Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!" |