Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо бо Бонки Эсхата дар соли 2023!
30.12.2022

Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо бо Бонки Эсхата дар соли 2023!

Инак, соли 2022 ба охир мерасад - соле, ки пирӯзиву дастовардҳои нав овард ва саршор аз рӯйдоду тағйиротҳои гуногун буд. Дар соли ҷорӣ тими муттаҳиди Бонки Эсхата заҳмат кашида, принсипҳо ва усули пешбурди тиҷоратро тағйир дод, равишҳои нави стратегӣ ва модели нави тиҷоратро ҷорӣ намуд.

Аз номи роҳбарияти Бонки Эсхата ба кормандони бонк барои маҳорати баланди касбӣ, ки дар соли 2022 ҳаҷми бузурги корҳо анҷом дода шуданд, аз таҳти дил изҳори сипос менамоем. Инчунин барои ҳамдилӣ, омодагӣ ба кӯмаки якдигар ва садоқат ба маданияти корпоративии Бонки Эсхата.

Ин ба Бонк имконият дод, ки қуллаҳои навро фатҳ намуда, дар бисёр соҳаҳо пешсаф шавем. Бонк дар ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда натиҷаҳои хубро ба даст овард, ки  нишондодҳои бонк ба санаи 01.12.2022 сол гувоҳӣ медиҳанд.

Сармояи Бонк беш аз 794,17 млн. сомониро ташкил дода, аз аввали сол 38% афзоиш ёфтааст. Фоидаи Бонк 284,86 млн. сомонӣ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 282% зиёд аст. Сандуқи амонатӣ то 2,076 млрд. сомонӣ афзоиш ёфта, нисбат ба охири 2021 сол 38% афзуд. Сандуқи қарзии бонк ба 2,489 млрд. сомонӣ расида, аз аввали сол 23% афзоишро нишон медиҳад.

Бонк аз рӯи ҳаҷми қарзҳои додашуда дар низоми бонкӣ мавқеи пешсафро ишғол намуда, дар 11 моҳи соли 2022 ба маблағи 2,925 млн. сомонӣ қарз додааст.

Аз аввали сол шумораи кортҳои пардохтӣ дар муомилот 25,3% афзуда, беш аз 615 ҳазор ададро ташкил дод. Теъдоди истифодабарандагони мушаххаси барномаи мобилии “Эсхата Онлайн” аз аввали сол 87% зиёд шуд. Мизоҷони Бонк 15% афзуда, зиёда аз 92 ҳазор мизоҷони нав ҷалб карда шуданд. Бонк умедвор аст, ки ҳамкории оғозшуда бо мизоҷони нав дарозмуддат хоҳад буд.

Дар алоҳидагӣ мехоҳем ба саҳҳомон, аъзоёни Шӯрои нозирон, мизоҷон ва шарикони Бонки Эсхата барои ҳамроҳ ва бомуваффақият натиҷабардорӣ кардани  соли 2022, содиқ будан ба принсипҳои шарикӣ, эътимод ба Бонк ва ҳамкории мутақобилан судманд, роҳнамоӣ ва дастгирӣ изҳори сипосмандӣ баён намоем.

Дустони азиз!

Аз фурсати муносиб истифода бурда, лутф фармоед аз номи кулли кормандони Бонки Эсхата Шуморо бо Соли нави омадаистода муборакбод намоем.

Орзу дорем, ки дар соли 2023 ҳамкории мо ба сатҳи нави болоӣ бирасанд. Инчунин ба шумо ва аҳли оилаатон сулҳу оромӣ, саломатии бардавом, хушбахтӣ, муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ, хонаободӣ ва табъи болида таманно дорем.

Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо бо Бонки Эсхата дар соли 2023!

Соли Нав Муборак!

Бо эҳтиром,

Бонки Эсхата



Возврат к списку

ба боло