Ба таваҷҷуҳи саҳомон
24.01.2022

Ба таваҷҷуҳи саҳомон

ҶСК “Бонки Эсхата” ба маълумоти саҳмдорони Бонк мерасонад, ки бо сабаби ҳозир нагаштани баъзе аз саҳмдорон, суди саҳмияҳо аз солҳои 2008 то 2020 пардохтнашуда боқӣ мондаанд.

Аз саҳмдорони суди саҳмияҳои худро нагирифта, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба бинои Сарбонк, таҳти суроғаи: ш.Хуҷанд, кӯч.Гагарин 135, барои гирифтани суди саҳмияҳои худ муроҷиат намоянд. 

Ҳангоми имконнопазир будани овардани ташриф ба Сарбонк, саҳмдорон метавонанд бо дархост ба яке аз филиалҳои Бонк барои гирифтани суди саҳмияҳои худ муроҷиат намоянд.

Ҳангоми пайдо шудани саволҳо, шумо метавонед ба Котиби корпоративии Бонк- Фарангис Суванова бо рақами телефонии (44) 600-0-600 (дох.106) ё ба суроғаи электронии CorporateSecretary@eskhata.tj, тамос гиред.



Возврат к списку

ба боло