![]() Ба соли нав бо имкониятҳои нав: Мо “тақвими зинда” дорем!
Боз як навгонӣ аз Бонки Эсхата. Аввалин шуда дар Тоҷикистон мо тақвимҳои солонаи худро бо технологияи AR ба роҳ мондем! Акнун тақвимҳои мо зинда мешаванд!
«Чи тавр?» – мепурсед Шумо
• «Эсхата Онлайн»-ро насб намоед
• Тугмачаи “Настройки”-ро пахш кунед
• “Календарь AR”- ро интихоб намоед
• Камераи телефонро ба акс дар тақвим равона созед ва аксҳои дар тақвим буда зинда мешаванд
Тақвим надоред? Метавонед формати электронии тақвимро аз сомонаи мо насб намоед https://www.eskhata.com/tj/about/bank/ta-vim-2022.php
Бо «Эсхата Онлайн» аксҳо зинда мешаванд. Бисанҷед! Хеле шавқовар аст!
Соли нав муборак!
Барои маълумот: Технологияи AR - воқеияти афзоянда яке аз технологияҳои мутақобилаи инсон ва компютер мебошад. Хусусияташ дар он аст, ки он ду фазои мустақилро ба таври барномавӣ ба таври визуалӣ муттаҳид мекунад: ҷаҳони объектҳои воқеии атрофи мо ва ҷаҳони виртуалӣ, ки дар компютер сохта шудааст.
P/S: Барои дастрасӣ ба тақвим дар формати AR версияи нави барномаи мобилии “Эсхата Онлайнро” насб намоед.
|