Семинари навбатӣ барои кормандони Бонки Эсхата
28.12.2021

Семинари навбатӣ барои кормандони Бонки Эсхата

Ҳадафи асосии Қонуни ҶТ “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони ҶТ” ин фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисодиёти миллӣ, таъмин намудани шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ мебошад.

Ин навбат кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии ҶСК «Бонки Эсхата» дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон бо Қонуни мазкури Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардиданд.

Ин панҷумин семинар дар ин мавзуъ буд, ки аз ҷониби Бонк барои кормандонаш ташкил карда шуд. Семинари қаблӣ барои кормандони филиалҳо ва МХБ-ҳои вилояти Суғд санаи 18 декабри соли равон баргузор гардид https://www.eskhata.com/tj/about/news/6058/

Кормандоне, ки дар соҳаи қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои пулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, бо талаботи Қонуни мазкур шинос шуданд.

Тренерон Дилшод Тошматов, сардори шуъбаи мониторинги молиявии Департаменти комплаенс-хавф ва Муҳаммадали Ахмедов - менеҷери калон оид ба коркарди маҳсулоти ҶСК Бонки Эсхата оид ба ҳадафи Қонун, мафҳумҳои асосӣ, талаботҳо асосӣ, муҳлати қонунигардонии маблағҳо, тартиб ва шартҳои қонунигардонии маблағҳо, кафолати ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандоне, ки маблағҳои худро қонунӣ гардонидаанд, маълумот дод. 

Дар сомонаи Бонки Эсхата саҳифае таъсис дода шудааст, ки дар он Бонк ба мизоҷони худ маҳсулоти пасандози муҳлатнокро барои қонунигардонии маблағҳои пулӣ пешниҳод мекунад.

Бонк омода аст дар қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, бо ин васила дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми босазо гузорад.

Бонки Эсхата: "Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!"


Возврат к списку

ба боло