Идентификатсияро ба тариқи онлайн гузаред!
30.09.2020

Идентификатсияро ба тариқи онлайн гузаред!

Хушхабар! Акнун Шумо метавонед идентификатсияро дар "Эсхата онлайн" аз фосилаи дур, бе ташриф ба Бонк гузаред!
Ба Шумо танҳо лозим аст, ки ба барнома ворид шавед ва қадамҳои зеринро иҷро кунед:

1. Дар кунҷи поёни рости саҳифаи асосӣ "Настройки"-ро интихоб кунед.
2. Менюи "Ваш статус" -ро интихоб кунед. Пас аз интихоб, шумо ба қисми статусҳо ворид мешавед, ки дар он Шумо метавонед дар бораи ҳолат ва меъёри истифодабаранда маълумот гиред.
3. Барои гузаштани онлайн идентификатсия, мақоми "Персональный"  интихоб намуда, "Получить этот статус” -ро пахш кунед.
4. Дар менюи кушодашуда саволномаро бо риояи дастурҳо пур кунед. Пас аз пайдо шудани нишонаҳои сабз тугмачаи "Согласиться и отправить" -ро интихоб кунед.
5. Дар равзанаи пайдошуда, маълумоти воридшударо тасдиқ кунед.
6. Рамзи SMS-ро ворид кунед ва тугмчаи "Подтвердить" -ро пахш кунед.
7. Равзанае бо маълумот дар бораи коркарди маълумоти шахсии шумо пайдо мешавад. Тугмачаи "Закрыть" -ро пахш кунед.
8. Пас аз идентификатсияи бомуваффақият ба Шумо Push- огоҳинома фиристода мешавад.

Бонки мобилии “Эсхата онлайн”-ро аз ин ҷо насб намоед: http://eskhata.com/online
Идентификатсияро мустақиман аз телефони худ ва дар вақти ҷои бароятон қулай гузаред! Ҳоло Бонк дар телефони шумо аст!

P.S. Ба шартҳои зарурӣ диққат диҳед:
- Ҳангоми сохтани акс бо Шиноснома, шиноснома бояд ба таври возеҳ намоён ва хонда шавад, то маълумоти истифодабаранда тасдиқ карда шавад;
- Рӯй ва китфи истифодабаранда бояд дар кадр намоён бошад;
- Акси нодуруст воридшуда барои гузаштани идентификатсия ҳисобида намешавад.