Мизоҷони муҳтарам, Зарурати баланд бардоштани маърифатнокии молиявии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонки Эсхата мебошад. Некӯаҳволии шахс бештар аз қобилияти идоракунии оқилонаи молиявии худ, фарқ кардани амалиёти молиявии хатарнок ва ғайри хавфнок, идоракунии самараноки даромад ва пасандозҳо, дуруст дарк кардани хатарҳои эҳтимолии молиявӣ вобаста аст. Хурсандиовар, шумораи шахсоне, ки барои такмил додани донишу малакаи молиявии худ, ки барои самаранок идора кардани даромаду хароҷоти шахсӣ заруранд, зиед шуда истодааст. Мо мехоҳем сарчашмаи муваффақияти молиявии шумо бошем! Бо ин мақсад, мо барои шумо бахши «Мизоҷи комёб»-ро таъсис додем, ки дар доираи он видеодастурҳои ҷолибро дар формати лайфхаки молиявӣ пешниҳод менамоем. Навореро, ки ба шумо маъқул аст, интихоб кунед, тавассути ссилка ба мавод гузаред ва маърифтнокии молиявии худро бо Бонки Эсхата беҳтару хубтар намоед. Тамошои хуш! 1. Чӣ тавр бояд пулро ҷамъ намуда, аз беқурбшавӣ ҳифз кард? https://www.youtube.com/watch?v=8MutzWCix2c 2. Оё Шумо медонед, ки маош на фақат барои хароҷот пешбинӣ шудааст, балки он метавонад даромад низ орад? https://www.youtube.com/watch?v=wln3fGmKoDY 3. Дар Россия қарор доред? Аз интиқоли БЕ ФОИЗ баҳраманд шавед! https://www.youtube.com/watch?v=iWeZNmL8rL4 Оид ба видеоҳои нав аз шабакаи мо дар YouTube саривақт бохабар шавед https://www.youtube.com/@EskhataBank
Бонки Эсхата “Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!” |