Ҳуқуқи мизоҷ Ҳар як мизоҷи ҶСК "Бонки Эсхата" ҳуқуқ дорад, ки оид ба сифати хизматрасонии бонк арзу шикоятҳоро ба бонк ирсол намояд. Арзу шикоятҳои Шумо барои рушди минбаъдаи фаъолияти бонк ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ равона карда мешаванд.
Тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои истеъмолкунандагон дар ҶСК “Бонки Эсхата” дар асоси Қонуни ҶТ “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ба роҳ монда шудааст. Баррасии ҳамаи арзу шикоятҳои мизоҷон дар муҳлатҳои муқаррар намудаи Қонуни ҶТ “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз ҷониби масъулини ҶСК “Бонки Эсхата” баррасӣ карда мешавад. Ҳама шикоятҳо дар давоми 30 (сӣ) рӯз, вале шикоятҳое, ки омӯзиш ва санҷиши иловагиро талаб намекунанд, дар давоми 15 (понздаҳ) рӯз аз рӯзи бақайдгирии шикоят баррасӣ карда мешаванд. Дар ҳолатҳои истисноӣ Бонк муҳлати баррасии шикоятҳоро ба муҳлати на бештар аз 30 (сӣ) рӯзи тақвимӣ тамдид намуда, дар ин хусус муроҷиаткунандаро дар давоми 3 (се) рӯзи корӣ огоҳ менамояд.
ҶСК “Бонки Эсхата” муроҷиатҳои мизоҷонро (арзу шикоятҳоро) дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ қабул мекунад.
• Арзу шикояте, ки дар намуди қоғазӣ (дастӣ ё электронӣ) ва ҳам ҳангоми қабули шахсӣ ва/ё тавассути почтаи электронӣ ворид гардад; • Арзу шикоят тавассути почтаи электронии расмии Бонк; • Ҷойгир кардани арзу шикоят дар китоби арзу шикоятҳои воҳидҳои сохтории Бонк; • Арзу шикоят дар сомонаи расмии Бонк; • Арзу шикоят дар шабакаҳои иҷтимоӣ (интернет), яъне саҳифаҳои Бонк ё дигар саҳифаҳое, ки ба онҳо Бонк номнавис шудааст.
• Арзу шикояти телефонӣ ба Маркази тамоси Бонк тариқи занги телефонӣ ба рақами 808 • Ҳангоми қабули роҳбарияти Бонк (Раиси Раёсати Бонк, директорони филиалҳо ва Сардори Идораи амалиётии Сарбонк) http://www.eskhata.com/tj/about/bank/reception.php Бояд қайд кард, ки дар ҶСК “Бонки Эсхата” сохтори алоҳидаи масъул оид ба муроҷиатҳои (арзу шикоят) мизоҷон - “Шуъбаи кор бо арзу шикоятҳо” фаъолият дорад.
Суроға: ш.Хуҷанд, кӯч. Гагарин 135 (Сарбонк) Рақами телефон: 808 ва ё (44) 600 0 600; Суроғаи электронӣ: shikoyat@eskhata.tj
Ташаккур барои муроҷиат!
19.04.2023 |