Миссияи ҶСК «Бонки Эсхата»

Фароҳам овардани имконият баҳри рушд 


Дурнамои ҶСК «Бонки Эсхата»

Ба даст овардани эътимоди мизоҷон, боварии ташкилотҳои иқтисодии байналхалқӣ ва шарикон ба мо имкон медиҳад, ки яке аз пешвоёни бозори иқтисодии Тоҷикистон гашта, барои тараққиёти ҷомеа, пешрафти кори кормандон ва саҳомон саҳми муносиб гузорем. 


Арзишҳои ҶСК «Бонки Эсхата»

1. Ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳ:

Мо ба рушду пешравӣ бо зоҳир намудани ғамхорӣ  ва  таваҷҷӯҳ нисбати ҳамаи шарикони худ - саҳомон, ҳамкорон ва кормандон, мизоҷон ва танзимгарон, ҷомеа ва муҳити худ кӯшиш ба харҷ медиҳем. 

2. Бовиҷдонӣ ва Салоҳият

Дар кори худ мо мувофиқи принсипҳои Бовиҷдонӣ, Шаффофият ва Салоҳияти баланди ихтисос амал мекунем.

3. Эҳтиром  ва мулоҳизакорӣ :

Мо ба шарикони худ бо эҳтироми бузург муносибат мекунем. 

Эҳтироми ҳамдигар байни ҳамкорон ва кормандон новобаста аз мансаб, барои мо бениҳоят муҳим аст.  

Мо барои рушди касбии кормандони худ шароити мусоид фароҳам меорем. 

Мо барои мувофиқа намудани фаъолияти худ бо таҷрибаи пешқадами бонкӣ ва меъёрҳою талаботҳои милливу танзимкунанда вазифадор мебошем. 

Мо ҷомеаи маҳаллиро дастгирӣ мекунем ва дар бунёди ояндаи дурахшон ва бехатар барои наслҳои ҳозира ва оянда мусоидат мекунем. 

4. Навоварӣ:

Мо пайрави барномаҳо ва технологияҳои инноватсионӣ мебошем, ки моро барои пешниҳод намудани беҳтарин хизматрасонӣ ва беҳтарин маҳсулот ба шарикони худ водор месозанд. Мо байни шарикони худ навоварӣ ва рӯҳияи соҳибкориро дастгирӣ мекунем. 

5. Эътимоднокӣ: 

Мо шарики боэътимод ҳастем ва хоҳем монд, зеро ки мо ҳеч гоҳ ба ивази манфиатҳои кӯтоҳмуддат   аз арзишҳо асли ва шаъну шарафи худ даст намекашем. 


СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ҶСК "БОНКИ ЭСХАТА" БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026


Шиори ҶСК «Бонки Эсхата»

Бо ҳам  ба  суи  комёбиҳо! 


 


ба боло