Таърихи таъсисёбии бонк 

Агар «Бонки Эсхата»-ро зодаи замони соҳибистиқлолиятии ватанамон номем, хато нахоҳем кард. Зеро он маҳз ба шарофати соҳиби Истиқлолияти давлатӣ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Дар давраи ниҳоят вазнин, солҳои 1993 - 1994 ташкил кардани бонки тиҷоратӣ кори осон набуд ва дар кишвари ҷангзадаи мо муваффақияти калон 6а ҳисоб мерафт. Оғози фаъолияти бонкӣ дар он солҳо басо душвор буд. Иқтисодиёти маҳаллӣ дар ҳолати гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ буд. Барои муомила дар ин бозор пул лозим буд.

ҶСК «Бонки Эсхата» дар асоси шартномаи муассисон аз 16 уми ноябри соли 1993 ҳамчун бонки тиҷоратӣ таъсис дода шуд. Мутобиқи қарори маҷлиси муассисон аз 28 маи соли 1999 ба бонки тиҷоратии саҳомӣ табдил дода шуд. 12 сентябри соли 2002 ҳамчун Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата» аз нав ба қайд гирифта шудааст ШАҲОДАТНОМА оид ба бақайдгирии давлатӣ

Бори аввал ҶСК “Бонки Эсхата” санаи 29 ноябри соли 1994 аз Бонки миллии Тоҷикистон Иҷозатномаро барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ соҳиб шуд. Ҳоло ин сана ҳар сол ҳамчун "Зодрӯзи бонк" таҷлил карда мешавад. Дар айни замон, бонк тибқи Иҷозатномаи БМТ аз 20.05.2010с. фаъолият мебарад ИҶОЗАТНОМАИ ФАЪОЛИЯТ, ОИННОМАИ БОНК

Сармояи оинномавии ҶСК "Банк Эсхата" 125 304 690,00 сомониро ташкил медиҳад.

Маҳз бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна ва беҳтар кардани сатҳи некȳаҳолии мардум, аз рȳзҳои аввали фаъолият Бонки Эсхата ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ  маблағҳои қарзӣ пешниҳод карда истодааст, то ки онҳо кори тиҷоратии худро ба роҳ монанд. Имруз шумораи мизочони карзии бонк зиеда аз 152 хазор нафарро ташкил медихад. Зиёда аз  56% -и ҳаҷми сандуқи қарзиро маблағҳое ташкил медиҳанд, ки барои рушди соҳибкорӣ равона карда шудааст.  Аксарияти мизоҷони мо аз маблағҳои хурд оғоз карда, имрȳз ба боварии бонк даромаданд.

Рȳз аз рȳз доираи фаъолияти бонки мо васеъ мешавад, ки ҳадаф аз он наздик шудан ба мизоҷони худ, таъмин намудани дастрасии онҳо ба хизматрасонии босуръат ва босифати бонкӣ ба ҳисоб меравад.

Имрȳзҳо мо барои шахсони ҳуқуқию воқеӣ намудҳои гуногуни қарзро пешниҳод карда истодаем. Қарзҳои талаботии гуногунмақсад, қарзҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ, қарзҳои майда барои шахсони воқеӣ, қарзҳои хурду миёна, аккредитив, қарзҳои байнибонкӣ, тиҷорати молиявӣ ва ғ-ҳо барои шахсони ҳуқуқӣ. Вобаста ба мақсадҳои қарзӣ, мо фоизи онро дида баромада, барои мусоидат дар пешрафти кори ин ё он мизоҷ кȳшиш мекунем.  

Аз рȳзи ташкилёбиаш яке аз ҳадафҳои асосии бонк ин дастгирии соҳибкории хурду миёна ба ҳисоб меравад. Махсусан Бонк барои рушди истеҳсолоти худӣ ва маблағгузории он аҳамияти ҷиддӣ дода истодааст. Дар ин замина Бонки Эсхата бо Бонки Аврупоии Таҷдиду Тараққиёт ҳамкории зич дошт, ва тȳли чанд сол лоиҳаи нави маблағгузории соҳибкории хурду миёнаро бо шарту шароити барои мизоҷон қулай татбиқ намуд. Дар чаҳорчȳбаи лоиҳаи амалигашта самтҳои қарзӣ барои маблағгузории минбаъдаи корхонаҳои хурду миёна равона гардидаанд.

Ҳамзамон Бонки Аврупоии Рушду Таҷдид ба Бонки Эсхата дар лоиҳаи маблағгузории соҳибкорони миёна ҳамдастӣ намуд, ки соҳибкорон маблағҳои қарзиро барои рушди лоиҳаҳои инвеститсионии худ гирифта тавонистанд.

Бонки «Эсхата» 28 сол аст, ки дар бозори молявии кишвар фаъолият мебарад. Мақсади асосӣ аз таъсисдиҳӣ ва ташкил намудани он чи хеле дар боло зикр гардид саҳмгузорӣ дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт, ободонии Ватан, дастгирии соҳибкорон ва дар маҷмўъ хизмат ба мардум буд. Хушбахтона талошу кўшишҳои якҷоя беҳуда нарафта, самараи хуб доданд. Ва имрўз бо камоли боварӣ гуфта метавонем, ки «Бонки Эсхата» ба туфайли хизматрасонии хуб ба боварии аҳли ҷомеа сазовор шудааст.

Шумораи сохторҳои бонк аз 32 адад филиал, 1 адад Идораи амалиётӣ ва 113 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ иборат аст, ки талаботи мизоҷонро дар хизматрасонии тезу босифат таъмин месозад. Ин гуна филиалу марказҳо дар шаҳру ноҳияҳо бо дар назардошти нуфузи аҳолии он ва шароити рушди иқтисодиву иҷтимоии он ташкил карда мешавад. Ҳамаи онҳо барои мизоҷон хизмат мерасонанд ва дар тасаввуроти ҳамаи онҳо симои мизоҷ ягона аст.

Бонки Эсхата пеш меравад ва аз таҷрибаи гузаштаи худ меомȳзад. Қоидаву низоми ҷиддӣ кормандонро дар ҳамин муҳит тарбия мекунад. Онҳо хуб медонанд, ки мизоҷ барои онҳо нафаре аст, ки бо нияти боварӣ меояд ва мекȳшанд, ки ин бовариро сазовор шаванд.

Тими кормандони Бонки Эсхата, ки шумораи он 2 222 нафарро ташкил медиҳад, кӯшишу ғайрати худро барои шукуфоии мизоҷон, бонк ва иқтисодиети кишвар равона месозанд.

Барои Бонки Эсхата мизоҷ арзиштарин сармоя буда, ҳамеша баҳри рушд ва пешрафти онҳо кȳшиш ба харҷ хоҳад дод.

Муваффақияти ҳар яки онҳо, комёбии Бонки Эсхата аст!

Бонки Эсхата: Бо ҳам ба суи комёбиҳо!


ба боло