Дар бораи Бонки ЭсхатаҶСК «Бонки Эсхата» — яке аз иштирокчиёни фаъоли бозори молиявии Тоҷикистон буда, ҳамаи намуди амалиётҳои бонкиро амалӣ мегардонад. Шабакаи васеъи Бонки Эсхата аз 32 филиал, 1 Идораи амалиётӣ дар назди сарбонк ва 114 адад маркази хизматрасонии бонкӣ иборат аст. Мо ба мизоҷони худ хизматрасониҳои гуногуни бонкиро, ки дар таҷрибаи молиявии байналхалқӣ қабул гардидааст, пешниҳод менамоем. Бонки Эсхата яке аз бонкҳои аз ҷиҳати молиявӣ устувор маҳсуб ёфта, ба сегонаи беҳтарин бонкҳои кишвар шомил аст. Ба хизматрасониҳои бонк инҳо дохил мешаванд:
Арзишҳои муҳими Бонк ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳ, бовиҷдонӣ ва салоҳият, эҳтиром ва мулоҳизакорӣ, навоварӣ, эътимоднокӣ маҳсуб меебад. Давоми фаъолияти худ Бонки Эсхата боварии мизоҷонро сазовор гардида, ҳамчун ҳамкори боэътимод эътироф гаштааст. Имрȳзҳо бонк аз рȳи мақсади стратегии худ фаъолият бурда истодааст. Давоми фаъолияти худ Бонки Эсхата бо ширкатҳои рейтингии байналхалқӣ ҳамкорӣ дорад, ки нишондиҳандаҳои молиявии бонкро баҳогузорӣ намудаанд. B3- (Мудис Инвесторс Сервис, Англия) (2011-2021)Дар самти молиявию қарзӣ ва мустаҳкам намудани иқтисодиёти Тоҷикистон Бонки Эсхата таваҷҷȳҳи асосиро барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоию, иқтисодӣ ва беҳтар шудани некуаҳволии мардум равона мекунад. Дар давоми фаъолияти худ ҶСК «Бонки Эсхата» ба амалҳои хайру эҳсонкорӣ низ аҳамияти муҳим дода, ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ, муассисаҳои тиббию иҷтимоӣ кȳмаки молиявии худро мерасонад. Ҳамзамон Бонк барои рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим чорабиниҳои гуногуни варзиширо сарпарастӣ менамояд. |