Новости


30 солагии Иҷлосияи тақдирсози миллат ва Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
16.11.2022

30 солагии Иҷлосияи тақдирсози миллат ва Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

30 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!

Ин рузи таърихӣ чун  таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа таҷлил мегардад.

Ҳамаи муваффақиятҳои пешрафти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон, ки ба даст омаданд, бо шарофати Иҷлосияи таърихии XVI уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гаштаанд.

Инчунин дар ин санаи тақдирсоз мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархундаву чун рамзи садоқат ба Роҳбари давлат – садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд.
Воқеан, хизматҳои шахсияти беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷик, барқарор намудани ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва истиқлолият, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст.

Орзу мекунем, ки Тоҷикистон мо зери роҳбарии ҳамин шахсияти бузурги таърихӣ ба муваффақиятҳои нав ба нав ноил гардад.

 

 

 

 



Возврат к списку

наверх