Пурсиш ва посух



  • Чӣ гуна интиқоли пулиро бояд қабул кард?
  • Чӣ гуна интиқоли пулиро бояд ирсол намуд?
  • Оё ҳангоми гум кардани ордери хароҷотии интиқол, нусхаи онро аз Бонк гирифтан мумкин аст?
  • Таъиности интиқоли пулӣ, ки характер ғайритиҷоратӣ дорад?
  • Ое интиқоли пулиро аз руи нусхаи шиноснома қабул кардан мумкин аст?
  • Чи бояд кард, ки интиқоли бонкӣ ба суроғааш нарасид?
  • Интиқоли асъори хориҷӣ чи қадар вақтро талаб мекунад?
  • Чӣ гуна комиссияро пардохт бояд кард?
  • Барои қабули маблағ кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?
  • Ба кадом шаҳрҳо бо истифода аз низомҳои интиқоли пулӣ маблағ ирсол намудан мумкин аст?
  • Ое мизоҷ қабули маблағи интиқолро ба шахси дигар супорида метавонад?
  • Давоми кадом муддат интиқоли маблағ дар низом дастрас аст?
  • Ое маблағи интиқолро дар дигар марказхои хизматрасони интиқоли пулӣ қабул намудан мумкин аст?
  • Кадом намудҳои интиқоли маблағ дар Бонки Эсхата мавҷуд аст?

  • Чӣ гуна интиқоли пулиро бояд қабул кард?

      • Мизоҷ бояд ба маркази хизматрасонии интиқоли пулии Бонки Эсхата муроҷиат намояд. Ба оператор шиносномаи худ ва рақами махфии интиқолро пешниҳод намояд. Пардохти маблағ ба мизоҷ  мувофиқи талаботи Дастурамали №204 “ Оиди  тартиби анҷом додани амалиёти интиколи аз чониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ” ба роҳ монда мешавад.  
      • Хамчунин интиколи пулиро тарики сомонаи бонк (http://eskhata.com/tj/about/news/3313/ ) ва тарики USSD команда ба корти бонки кабул кардан мумкин аст (http://eskhata.com/tj/about/news/3461/ ).





      Чӣ гуна интиқоли пулиро бояд ирсол намуд?

      • Мизоҷ бояд ба маркази хизматрасонии интиқоли пулии Бонки Эсхата муроҷиат намояд.
      • Ба оператор шиносномаи худ, рақами махфии интиқол ва РМА-ро пешниҳод намояд.
      • Ба оператор Ному насаби шахси қабулкунанда, давлат ва шаҳри қабулкунанда, ҳаҷми маблағи интиқолро қайд намояд.
      • Мутобиқ ба ордери воридотии хазинавӣ, ки аз ҷониби оператор пур карда мешавад, ба хазина маблағи интиқолро ворид намояд ва комиссияро пардохт намояд.
      • Аз оператор нусхаи худро «аризаи интиқол бе кушодани суратҳисоб»-ро бо рақами назоратӣ гирад.
      • Ба шахси қабулкунанда номи низоми интиқоли пулӣ, ному насаби шахси ирсолкунанда, ҳаҷми маблағ ва рақами назоратӣ, ҳамчунин суроғаи қабул, ки дар ариза қайд карда шудааст, хабар диҳад.





      Оё ҳангоми гум кардани ордери хароҷотии интиқол, нусхаи онро аз Бонк гирифтан мумкин аст?

      Ҳа, мумкин дар сурати пешниҳоди шиноснома ва навиштани ариза оиди талаби нусхаи ордери хароҷотӣ. Дар ин ҳолат аз ҷониби оператор муҳри «Нусха» гузошта мешавад.





      Таъиности интиқоли пулӣ, ки характер ғайритиҷоратӣ дорад?

      Ба таъиности интиқоли пулӣ аз Тоҷикистон, ки характери ғайритиҷоратӣ доранд инҳо дохил мешаванд:

      • музди маош;
      • нафақа; пардохти аъзоҳақӣ ба фоидаи ташкилотҳои байналхалқии ғайридавлатӣ, ки шаҳрвандони хориҷа (нерезидент) мебошанд;
      • кӯмакпулӣ ба шаҳрвандони ҶТ, ки берун аз он қарор доранд;
      • маблағ ба фоидаи ташкилотҳои байналхалқӣ-ташкилкунандагони симпозиумҳо, намоишгоҳҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва е чорабиниҳои фарҳангӣ;
      • воситаҳои пулӣ ба фоидаи ғайрирезидентҳо
      • воситаҳои пулӣ барои пурдохти аъзоҳақии суғуртавӣ;
      • воситаҳо барои пардохти ҳаққи таҳсил ва табобати шаҳрвандони ҷумҳури:
      • ба фоидаи ғайрирезидентҳо барои пардохти нафақа, алимент, кумакпулиҳои давлатӣ, ҷубронпулӣ, маблағҳои дар асоси санадҳои суди пардохтшаванда, маблағҳои меросӣ, андозҳо, боҷи давлатӣ, ва дигар ӯҳдадориҳо мутобиқ ба қонунгузории давлатҳои хориҷа.






      Ое интиқоли пулиро аз руи нусхаи шиноснома қабул кардан мумкин аст?

      Не, интиқоли пулиро танҳо бо шиносномаи асли қабул ва интиқол додан мумкин аст.




      Чи бояд кард, ки интиқоли бонкӣ ба суроғааш нарасид?

      Дар ин ҳолат шумо бояд ба шахси интиқол дода занг зада, хоҳиш намоед, ки нусхаи супоришномаи пардохтиро ирсол намояд. Баъдан нусхаи мазкурро ба бонк меоред, ва кормандон суратҳисоби муросилотии шуморо мутобиқ ба супоришномаи пардохтӣ муқоиса мекунанд.




      Интиқоли асъори хориҷӣ чи қадар вақтро талаб мекунад?

      Аз 5 то 10 дақиқа. Ҳамчунин бояд реҷаи кории нуқтаи интиқол ба инобат гирифта шавад, махсусан агар тафовути вақти интиқолдиҳанда дар минтақаи соати шахси ирсолкунанда калон аст.




      Чӣ гуна комиссияро пардохт бояд кард?

      Комиссияро шумо метавонед хоҳ аз ҳисоби маблағи интиқол хоҳ, дар алоҳидагӣ ҳангоми ирсоли маблағ пардохт намоед.




      Барои қабули маблағ кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

      Шумо бояд бо худ Шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (мувофиқи Қонуни ҶТ шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди ҶТ, шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд, шаҳодатномаи гуреза, гувоҳномаи иқомат барои ғайрирезидент дар ҶТ, шаҳодатномаи шахсии хизматчии ҳарбӣ ва ғ.) ва рақами назоратии интиқоли маблағро дошта бошед.






      Ба кадом шаҳрҳо бо истифода аз низомҳои интиқоли пулӣ маблағ ирсол намудан мумкин аст?

      Ин ба мавқеи ҷуғрофии низом вобаста аст. 




      Ое мизоҷ қабули маблағи интиқолро ба шахси дигар супорида метавонад?

      Ха,  дар ҳолати пешниходи ваколатномаи намоянда, ки бо тартиби муқараракардаи қонунгузорӣ барасмият дароварда шуда бошад.






      Давоми кадом муддат интиқоли маблағ дар низом дастрас аст?

        1.       WESTERN UNION               90 руз

        2.       MONEYGRAM                     90 руз

        3.       ЗОЛОТАЯ КОРОНА            60 руз

        4.       КОНТАКТ                             60 руз

        5.       ЮНИСТРИМ                       30 дней

        6.       БЛИЗКО(Форсаж)             бемӯҳлат

        7.       БЭСТ                                     бемӯҳлат






          Ое маблағи интиқолро дар дигар марказхои хизматрасони интиқоли пулӣ қабул намудан мумкин аст?

          Интиқоли маблағ аз рӯи ҳамаи низомҳои интиқоли пулӣ, дар ҳама марказҳои хизматрасонии интиқоли пулӣ қабул намудан мумкин аст.




          Кадом намудҳои интиқоли маблағ дар Бонки Эсхата мавҷуд аст?

          Дар Бонки Эсхата ду намуди интиқоли маблағ мавҷуд аст:
          1.    Интиқоли маблағи фаврӣ
          2.    Трансферт

          ба боло