Қарзҳо - пурсиш ва посух



  • Оё метавонад мизоҷ қарзро аз филиали бонк гирифта, фоизашро ба Сарбонк пардохт намояд ва ин амалиёт чӣ тавр сурат мегирад.?
  • Қарзеро, ки дар байни моҳ гирифтем, чи тавр пардохт менамоем?
  • Кадом намуди шиносномаро барои гирифтани қарз бояд пешниҳод кард?
  • Мумкин аст, ки бо шиносномаи муваққати (временно) қарз гирифт?
  • Оё мизоҷ метавонад қарзи параллели гирад?
  • Оё метавонам пеш аз мӯҳлат қарзро пардохт кунам?
  • Барои гирифтани имтиёз бояд чи кор кард?
  • Ба киҳо имтиёзҳо дода мешавад?
  • Хангоми гирифтани малағи зиёд, мӯҳлат ва фоизаш тағйир меёбад?
  • Агар қарзи мизоҷ ба руйхати ба таъхирафтодагон дохил шавад, мизоҷ чӣ қадар бояд ҷарима супорад?
  • Чаро барои гирифтани карз зомин лозим аст?
  • Қарзи истеъмолӣ ба кадом мӯҳлат пешниҳод мегардад?
  • Бароям пешниҳоди қарзро рад карданд. Оё ман метавонам дар ҳолати аз нав мурочиат карадан ҷавоби мусбӣ гирам?
  • Бароям пешниҳоди карзро рад кардан ва сабабашро нафаҳмонидан. Чаро?
  • Қарзи истеъмолӣ ба ки пешниҳод карда мешавад?

  • Оё метавонад мизоҷ қарзро аз филиали бонк гирифта, фоизашро ба Сарбонк пардохт намояд ва ин амалиёт чӣ тавр сурат мегирад.?

    Ха, хангоми мизоч бо шиносномаи худ ба Сарбонк ё нуктаи наздиктарин мурочиат намояд.




    Қарзеро, ки дар байни моҳ гирифтем, чи тавр пардохт менамоем?

    Ҳамаи қарзҳо мувофики чадвали пардохт пардохт карда мешаванд.




    Кадом намуди шиносномаро барои гирифтани қарз бояд пешниҳод кард?

    Қарз танҳо бо пешниҳоди  шиносномаи ЧТ дода мешавад.




    Мумкин аст, ки бо шиносномаи муваққати (временно) қарз гирифт?

        Ха, метавонед, дар ҳолате, ки  мухлати шиносномаи Шумо амалкунанда бошад.




    Оё мизоҷ метавонад қарзи параллели гирад?

    Ха, агар  барои пардохти карзи  иловаги имконият дошта бошад (на зиеда аз 2-карз).




    Оё метавонам пеш аз мӯҳлат қарзро пардохт кунам?

    Албатта шумо метавонед  пеш аз мӯҳлат  қарзро пардохт кунед . Дар ин ҳолат   танхо фоизи хамон мохе, ки Шумо истифода бурдед , маблагашро месупоред.     





    Барои гирифтани имтиёз бояд чи кор кард?

    Барои гирифтани имтиёз Шуморо  зарур аст, ки ариза нависед ва баъди дидан ва барраси намудани он, коршиноси  қарзиатон ба Шумо посух хоҳад дод.





    Ба киҳо имтиёзҳо дода мешавад?

    Ба он шахсоне ки кори мавсимӣ доранд, масалан  ба нафароне. ки бо  хариду фуруши автомашинаҳо  машғуланд  ба мӯҳлати 1-2 моҳ ва инчунин ба хоҷагиҳои деҳконӣ низ дода мешавад




    Хангоми гирифтани малағи зиёд, мӯҳлат ва фоизаш тағйир меёбад?

    Ханогми гирифтани карз ба маблаги зиёд хам фоиз  ва хам мухлат тагйир меёбад.





    Агар қарзи мизоҷ ба руйхати ба таъхирафтодагон дохил шавад, мизоҷ чӣ қадар бояд ҷарима супорад?

    то 5000 $                       -   240%  солона
    аз 5001 $   то  20000 $  -  72%  солона
     зиеда  аз  20000 $        -  48%  солона
    Пардохти навбатии карз хангоми 100 $ будан  ба таъхир ба 10 руз афтода бошад, чарима  6,95 $, хамаги  пардохт 106,95 $






    Чаро барои гирифтани карз зомин лозим аст?

    Бонк бояд боварӣ пайдо намояд, ки маблағҳои қарзиро баргардонида метавонад. Зомин дар ҳолати пардохтнопазирии мизоҷ, қарзи мизоҷро метавонад пардохт намояд.  Зомин низ, мисли мизоч бояд даромади устувор дошта бошад. Агар зомин шудани бошед, танҳо ба наздикони худ, ки 100% ба онҳо бовари доред зомин шавед! Зеро вазифаи зомину мизоҷ як аст – пардохти қарз.





    Қарзи истеъмолӣ ба кадом мӯҳлат пешниҳод мегардад?

    Қарзи истеъмоли ба муҳлати аз 1 моҳ то 3 сол. Манзили (сохтмон) то 5 сол. Ипотека (харидани хона) то 10 сол, пешниҳод карда мешаванд. 





    Бароям пешниҳоди қарзро рад карданд. Оё ман метавонам дар ҳолати аз нав мурочиат карадан ҷавоби мусбӣ гирам?

    Ҳа, ин хел имконият ҳаст. Муфассалтар аз коршиноси қарзиатон метовонед пурсон шавед.





    Бароям пешниҳоди карзро рад кардан ва сабабашро нафаҳмонидан. Чаро?

    Коршиноси карзи бояд сабаби рад шудани аризаи дархостиатонро посух гардонад.




    Қарзи истеъмолӣ ба ки пешниҳод карда мешавад?

    Ба шахсони  воқеие, ки  ҳамаи талаботҳои  бонкро қонеъ  карда  метавонанд қарзи  истеъмолӣ дода  мешавад. Қарзгир бояд ҷойи кории  доимӣ  ва даромади устувор дошта бошад.

    ба боло