Боз як навгонӣ барои мизоҷони Бонки Эсхата. «Квартет»  - чор хизматрасонӣ дар як маҳсулоти бонкӣ - имконияти сарфаи вақт ва маблағи Шумо!
Мизоҷоне, ки мунтазам аз хизматрасониҳои гуногуни Бонки Эсхата истифода мебаранд, дар як вақт ройгон ба чор хизматрасонии нав пайваст карда мешаванд.

«Квартет» кадом хизматрасониҳоро дар бар мегирад:

  • Корти пардохтӣ
  • Интернет - бонк+Эсхата Бонки Мобилӣ
  • СМС -маълумот
  • Овердрафт

Корти пардохтӣ

Корти пардохтӣ воситаи осону қулайи харид ва пардохти хизматрасониҳо мебошад. Бо воситаи корти Бонки Эсхата Шумо дар марказҳои савдо харид карда, дастрасӣ барои пардохт тадриҷан васеъ мегардад.

Интернет бонк+Эсхата Бонки Мобилӣ

Интернет-Бонк + Эсхата мобайл банкинг – хизматрасонии фосилавии қулай, ки бо воситаи он Шумо метавонед дар бораи вазъият ва ҳаракати воситаҳои пулии суратҳисоби худ аз хона ё ҷои корӣ набаромада назорат баред.

Шартҳои пешниҳоди Интернет –бонк

Низоми Интернет - Бонк ба Шумо имконияти идоракунии фосилавии маблағҳоятонро аз тамоми гȳшаву канори ҷумҳурӣ бе зарурати ташриф ба бонк фароҳам меорад.
Низоми Интернет-Бонк амалиётҳои бонкии зеринро иҷро мекунад:

Амалиётҳои интиқолӣ

  • Интиқоли пулӣ бо пули миллӣ дар ҳудуди ҶТ;
  • Интиқоли пулӣ бо асъори хориҷӣ (рубли ФР, доллари ИМА, Евро);
  • Интиқоли маблағ аз суратҳисоб ба суратҳисоби корти пардохтӣ ва баръакс;
  •  Интиқоли маблағ тариқи низоми Сония
  • Амалиётҳои мубодилавӣ
  • Харид ва фуруши асъор (рубли ФР, доллари ИМА, Евро).

Пардохти хизматрасониҳо

  • Алоқаи мобилӣ (+ширкатҳои мобилии байналхалқӣ);
  • ТВ-шабакаҳо;
  • NGN ва алоқаи байнишаҳрӣ;
  • Дигар хизматрасониҳо ва ҳамёнҳои электронӣ;
  • Хабарҳои тозаи бонкӣ;
  • Гирифтани маълумотнома аз рȳи суратҳисобҳои корти пардохтӣ;
  • Гирифтани маълумот оиди суратҳисобҳои пасандозӣ ва қарзҳои  шумо;
  • Қурби асъор;

Овердрафт

Овердрафти корти пардохтӣ ин пешниҳоди қарзи кӯтоҳмуддат ба суратҳисоби корти пардохтӣ аст. Овердрафт барои ҳалли мушкилии молиявӣ кумак мерасонад.

Маблағи овердрафтро тариқи:

POS –терминалҳои Бонки Эсхата  (картинка POS- терминала)
Банкоматҳои Банка Эсхата  (картинка банкомата) гирифта метавонед.
Пур кардани корт ва пардохти овердрафт тариқи воситаҳои зерин амалӣ карда мешавад.
1.    Терминалҳои пардохтии Бонки Эсхата
2.    Нуқтаҳои интиқоли пулӣ, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва филиалҳои Бонк
3.    Интернет – бонк +  Эсхата бонки мобилӣ

Шартҳои  пешниҳоди Овердрафт

  • Асъори қарз – сомони
  • Фоизи қарз - 3,3% моҳона
  • Давраи пардохти қарз – 60 руз

Хусусияти хуби истифодаи овердрафт

  • Ин намуди қарз ҳангоми пайдо шудани вазъияти ғайричашмдошт ва хароҷоти барзиед даркорӣ аст.
  • Маблағи овердрафтро Шумо метавонед қисм қисм  (қисман) танҳо аз рӯи
  • Зарурият истифода баред. Дар ин сурат хароҷоти фоизро сарфа карда метавонед.

СМС -маълумот

Баъди ҳар як амалиёти корти пардохтӣ, бонк ба соҳиби корт смс –маълумот дар бораи амалиёти гузаронида шуда ирсол мекунад. СМС –маълумот ба телефони шахсии Шумо - осон ва саривақтӣ аст!
Ҳамчунин хизматрасонии СМС- маълумот Шуморо мунтазам дар бораи ҳамаи амалиётҳои вобаста ба корти пардохтии Шумо шинос мекунад. Пайвастшавӣ ва истифодаи он низ ройгон аст.

  • Миқдори ниҳоят ками ҳуҷҷатҳо
  • Сарфаи вақт
  • Бороҳат
  • Манфиати бештар аз хизматрасонӣ
  • Имконияти идора кардани суратҳисоб аз маҳалли дурдаст

PS:  Наздик шудан ба мизоҷон,  шиори мо буда, барои ҷовабгӯ будан ба талаботи онҳо тамому шароиту имконияти мавҷуда ва кӯшиши худро равона месозем.


ба боло