Интернет-бонк

mob-bank.jpg
Бонки Эсхата ба мизоҷони худ шахсони воқеӣ низоми Интернет Бонк- хизматрасонии қулаи дистансионие, ки барои хизматрасониҳои электронии бонкӣ тариқи шабакаи интернет амалӣ мегардад, пешниҳод дорад.

Интернет-бонк
Ин барномаи бисёрфунксионалӣ барои ташкили хизматрасонии электронии мизоҷони бонк бо ёрии интернет тариқи компютерҳои шахсӣ, ноутбук, телефонҳои мобилӣ ва д.

Низоми Интернет - Бонк ба Шумо имконияти идоракунии дистансионии маблағҳоро медиҳад, ки аз тамоми гȳшаву канори ҷумҳурӣ бе зарурати ташриф ба бонк амалӣ карда мешавад.

Низоми Интернет-Бонк амалиётҳои бонкии зеринро иҷро мекунад:

Амалиётҳои интиқолӣ

  • Интиқоли пулӣ бо пули миллӣ дар ҳудуди ҶТ;
  • Интиқоли пулӣ бо асъори хориҷӣ (рубли ФР, доллари ИМА, Евро);
  • Интиқоли маблағ аз суратҳисоб ба суратҳисоби корти пардохтӣ ва баръакс;
  • Интиқоли маблағ тариқи низоми Сония

Дастурамал оиди истифодабарии барномаи «Эсхата Бонки Мобилӣ»
Методика оиди истифодабарии "Интернет-бонк"(бо забони русӣ)
Тавсияҳо барои истифодабарандаи Низоми "Интернет бонк"

Амалиётҳои мубодилавӣ

Харид ва фуруши асъор (рубли ФР, доллари ИМА, Евро).

Пардохти хизматрасониҳо

  • Алоқаи мобилӣ (+операторони байналхалқӣ);
  • ТВ-шабакаҳо;
  • NGN и алоқаи байнишаҳрӣ;
  • Дигар хизматрасониҳо ва е-ҳамён (е- кошелки);
  • Маълумотқабулкунӣ
  • Хабарҳои актуалии бонкӣ;
  • Гирифтани маълумотнома аз рȳи суратҳисобҳо;
  • Гирифтани маълумот оиди суратҳисобҳои пасандозии шумо;
  • Қурби асъор;

«Интернет-Бонк» – ин:

Манфиатнок

  • Пайвастшавии бепул;
  • Пардохти абонентӣ надорад;
  • Сарфаи вақти Шумо.

Оддӣ

  • Барои пайвастшавӣ ба Интернет-Бонк ба бонк омада ариза пур намоед. Доштани шиноснома низ ҳатмист.
  • Барои истифодабарии низом маҳорат ва дониши махсус лозим нест.

Дастрас ва тез

  • Шумо аз вазъи суратҳисобҳо ва ҳаракати маблағҳоятон аз хона ва ё ҷои корӣ набаромада назорат бурда метавонед.
  • Барои даромад ба низом танҳо дастрасии шумо ба интернет лозим аст.

Бехатар

  • Низоми рақамҳои махфии яквақта барои иҷрои амалиётҳо (рақами махфӣ тариқи смс маълумот ба рақами телефони мобилии шумо ирсол мегардад).

ба боло