Пурсиш ва посух



  • Ман фавран мехоҳам суратҳисоби пасандозӣ кушоям, аммо шиносномаамро гум кардаам, оё бо шиносномаи хориҷӣ кушодан мумкин аст?
  • Оё фоизҳои ҳисобшударо ба суратҳисоби корти пластикӣ гузаронидан мумкин аст?
  • Агар ба маблағи 1000 доллар пасандоз кушоям, оё баъди чанд мȳҳлат метавонам қисми онро гирам?
  • Оё суратҳисобро бо асъори дигар пур кардан мумкин аст?
  • Ҳангоми фалокат ё марги амонатгузор наздикони ӯ метавонанд, ки маблағи пасандозро гиранд?
  • Ба номи кȳдак чӣ гуна бояд пасандоз кушод?
  • Оё кȳдаки ноболиғ маблағи пасандози худро гирифта метавонад?
  • Бонк барои амонатҳои мизоҷ чӣ гуна кафолат медиҳад?
  • Агар дар охири мȳҳлати пасандоз мизоҷ маблағи худро нагирад, чӣ мешавад?
  • Барои кушодани пасандоз кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?
  • Оё мизоҷ метавонад, ки маблағи пасандозии худро то ба охир расидани мȳҳлати шартнома қабул созад?
  • Оё фоизи пасандозро дар рȳзи аввали ҳар моҳ гирифтан мумкин аст, агар пасандоз дар нимаи моҳ кушода шуда бошад?
  • Кадом намуди пасандозҳо дар Бонки Шумо мавҷуданд?

  • Ман фавран мехоҳам суратҳисоби пасандозӣ кушоям, аммо шиносномаамро гум кардаам, оё бо шиносномаи хориҷӣ кушодан мумкин аст?

    Бо шиносномаи хориҷӣ ба шаҳрвандони ҶТ кушодани суратҳисоб мумкин  нест, вале шумо метавонед аз шȳъбаи шиносномадиҳӣ маълумотномаи №9 ро пешниҳод намоед.




    Оё фоизҳои ҳисобшударо ба суратҳисоби корти пластикӣ гузаронидан мумкин аст?

    Ҳа, мумкин.




    Агар ба маблағи 1000 доллар пасандоз кушоям, оё баъди чанд мȳҳлат метавонам қисми онро гирам?

    Не, пур кардан ва гирифтани он танҳо аз рȳи шартнома амалӣ карда мешавад.




    Оё суратҳисобро бо асъори дигар пур кардан мумкин аст?

    Не. Суратҳисоби ба як асъор кушода шуда, танҳо бо ҳамин асъор пур кардан мумкин аст




    Ҳангоми фалокат ё марги амонатгузор наздикони ӯ метавонанд, ки маблағи пасандозро гиранд?

    Ҳа метавонанд, вале баъди шаш моҳ. Онҳо бояд аз мақомоти судӣ маълумотнома дар бораи мерос ё аз шȳъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ  (САХШ) шаҳодатномаи вафотро пешниҳод намоянд. 




    Ба номи кȳдак чӣ гуна бояд пасандоз кушод?

    Барои кушодани пасандози бачагона шаҳодатномаи таваллуди кȳдак  ва шиносномаи яке аз волидон лозим аст.




    Оё кȳдаки ноболиғ маблағи пасандози худро гирифта метавонад?

    Не, наметавонад, танҳо шаҳрвандони ба синни балоғат  расида ҳуқуқ доранд, ки дар ин амалиёти бонкӣ иштирок намоянд




    Бонк барои амонатҳои мизоҷ чӣ гуна кафолат медиҳад?

    Бонк баргардардонидани маблағҳои амонатӣ ва фоизҳои ба он вобастаро кафолат медиҳад.
    Бонк махфияти амонати мизоҷ ва маълумотро дар бораи амонатгузор мутобиқи Қонунгузории ҶТ кафолат медиҳад. 





    Агар дар охири мȳҳлати пасандоз мизоҷ маблағи худро нагирад, чӣ мешавад?

    Агар давоми 10 рȳзи ба охир расидани шартнома мизоҷ маблағашро нагирад, пас мȳҳлати шартнома ба таври автоматикӣ  боз дар мȳҳлати 1 сол дароз карда мешавад (пролонгатсия)




    Барои кушодани пасандоз кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

    Барои шаҳрвандони ҶТ танҳо шиноснома. Агар мизоҷ шаҳрванди хориҷӣ бошад, бо шиносномаи хориҷӣ пасандоз кушодан мумкин аст?




    Оё мизоҷ метавонад, ки маблағи пасандозии худро то ба охир расидани мȳҳлати шартнома қабул созад?

    Метавонад, лекин азбаски шартҳои шартнома қатъ карда мешавад, мизоҷ  фоизҳои худро гум мекунад. Фоизро  мизоҷ бо  3%- и солона хисоб карда мешаванд.




    Оё фоизи пасандозро дар рȳзи аввали ҳар моҳ гирифтан мумкин аст, агар пасандоз дар нимаи моҳ кушода шуда бошад?

    Ҳа мумкин аст, зеро фоиз ҳар рȳз ҳисоб карда мешавад.




    Кадом намуди пасандозҳо дар Бонки Шумо мавҷуданд?

    Шаш намуди пасандоз мавҷуд аст:

    «Захирашаванда»

     - фоизҳо ҳар моҳ ҳисоб карда шуда,  оғози ҳар моҳ ба маблағи асосӣ ҷамъ карда мешавад.

    «Бачагона»

    - пур кардани пасандоз то нисфи мȳҳлати шартнома мумкин аст 
    - фоизҳо охири мȳҳлати шартнома пардохта мешаванд
    - мȳҳлати пасандоз зиёда аз 36 моҳ

    «Даромади устувор» 

    - пур кардани пасандоз то нисфи мȳҳлати шартнома 
    - фоизҳо ҳар моҳ ҳисоб карда шуда, пардохта мешаванд
    - мȳҳлат аз  1 моҳ то 12 моҳ

    «Хариди фоиданок» 

    - пур кардани суратҳисоб мумкин аст 
    - фоизҳо ҳар шашмоҳа пардохта мешаванд 

    «Озод»

    - пур кардани суратҳисоб то охири мȳҳлат мумкин аст. 
    Мȳҳлати пасандоз  аз 12 моҳ ва зиёда.

    «Хариди фоиданок+»

    Ин намуди пасандоз барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки дар оянда аз ҳисоби маблағҳои амонатии худ хариди калон ва ё маъракаҳои серхароҷотро ба нақша гирифтаанд.


    ба боло