Пурсиш ва посух



  • Барои дастрас кардани корти пардохтӣ кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?
  • Муҳосираи муваққатии корт чи қадар арзиш дорад?
  • Дар сурати нодуруст дохил кардани рақами махсуси PIN-код чӣ мешавад?
  • Агар корт ба номи ман ба қайд гирифта шуда бошад, оё дигар одам онро метавонад гирад?
  • Ое ман метавонам, ки кортро дар хориҷа истифода барам?
  • Ое ман метавонам, ки мӯҳлати кортамро дароз созам, е ба ман навашро медиҳанд?
  • Кортҳои пардохтии Бонки Эсхатаро ки метавонад дастрас кунад?
  • Ое ҳангоми аз нав баровардани корт рақами он ва Пин -код нав карда мешавад?
  • Хизматрасонии корти пардохтӣ чи кадар арзиш дорад ва чанд сол онро метавон истифода бурд?
  • Барои кадом кортҳои пардохтӣ амонати суғуртавӣ лозим аст?
  • Ое мумкин аст, ки ба номи худ дигар кортҳои пардохтии иловагиро гирем?
  • Агар ман Пин-кодро фаромӯш созам, чи бояд кард?
  • Агар пин код (калимаи махфӣ) аз хотир фаромȳш гардад, чӣ кор бояд кард?
  • Чи бояд кард, агар банкомат кортро мусодира кард?
  • Ба корти ман аз хориҷа маблағ интиқол шуданаш ое мумкин аст?
  • Дар кадом шаҳрҳо кортҳои пардохтии бонки шумо истифода бурда мешаванд?
  • Кадом намуди кортҳоро банкоматҳои шумо хизматрасонӣ мекунанд?
  • Кадом кортҳоро банкомати бонки шумо қабул намекунад ва барои чи?
  • Маблағи зиёдтарин ва камтарине, ки аз банкомат гирифтан мумкин аст, чӣ қадар аст?
  • Баъди чи қадар вақт мизоҷ маблағи худро пас аз пур кардани корт гирифта метавонад?
  • Оё шахси ҳуқуқӣ метавонад, ки корти пардохтиро дастрас кунад?
  • Ҳангоми аз банкомат гирифтани маблағи накд, чӣ қадар комиссия ситонида мешавад (барои шахси вокеӣ)?
  • Ҳангоми аз банкомати дигар маблағ гирифтан, комиссия чи қадар аст?
  • Аз банкомати бонки шумо ба фоидаи бонки дигар чӣ кадар комиссия ситонида мешавад?
  • Чӣ бояд кард агар корти пардохтӣ гум шудааст е шикастааст?

  • Барои дастрас кардани корти пардохтӣ кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

    Барои гирифтани корти пардохтии Бонки Эсхата ба Шумо чунин ҳуҷҷатҳо лозиманд:
    • Шиносомаи ҶТ
    • Ариза





    Муҳосираи муваққатии корт чи қадар арзиш дорад?

    Муҳосираи муваққатии корти пардохтӣ -– 5 сомони.
    Тафтиш аз рӯи транзаксияҳои низоӣ -– 45 сомони
    Пешниҳоди иқтибос ба мизоҷ тариқи почтаи электронӣ - ройгон
    Тасдиқи бақияи корт дар варақаи махсуси Бонк -– 5 сомони




    Дар сурати нодуруст дохил кардани рақами махсуси PIN-код чӣ мешавад?

    Дар сурати се маротиба нодуруст дохил кардани рақами махсуси ПИН-код, банкомат корти шуморо мусодира ва муҳосира  мекунад. Ин чораи махсуси бехатарӣ аст. Агар корти шумо, ки аз Бонки Эсхата гирифта шудааст, дар банкомат мусодира шуда бошад, Бонк барои баргардонидани он кӯмак мерасонад.
    Агар корти шуморо банкомати дигар бонк мусодира карда бошад, Шумо бояд ба ҳамон бонк муроҷиат намоед. Одатан ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷат корт ба соҳибаш баргардонида мешавад.
    Вале ҳолатҳое ҳастанд, ки баргардонидани корти мусодира шуда пешбинӣ нашудааст.
    Баъди гирифтани пули нақд аз банкомат корт ва чекро фаромуш накунед.
    Кӯшиш намоед, ки қоидаҳои мазкуро дар ҳамаи нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ, ки дар он ҷо Пос -терминалҳо гузошта шудааст, риоя намоед.





    Агар корт ба номи ман ба қайд гирифта шуда бошад, оё дигар одам онро метавонад гирад?

    Ҳа метавонад, агар  бо худ тасдиқи нотариалӣ дошта бошад




    Ое ман метавонам, ки кортро дар хориҷа истифода барам?

    Ҳа, новобаста аз асъори суратҳисоби корт, шумо метавонед пардохти молҳо ва хизматрасониро дар ҳама ҷо амалӣ намоед.





    Ое ман метавонам, ки мӯҳлати кортамро дароз созам, е ба ман навашро медиҳанд?

    Ҳамаи кортҳои пардохти ба мӯҳлати муайян дода мешаванд. Баъди ба анҷом расидани мӯҳлати корт шумо бояд барои дароз намудани мӯҳлат ва е катъ кардани он ариза нависед.





    Кортҳои пардохтии Бонки Эсхатаро ки метавонад дастрас кунад?

    Кортҳои пардохтии бонкро танҳо шаҳрвандони ҶТ метавонанд дастрас созанд.




    Ое ҳангоми аз нав баровардани корт рақами он ва Пин -код нав карда мешавад?

    Дар сурати аз нав баровардани корт вобаста ба гум шудан, дуздӣ ва е фарсудашавӣ корти пардохтӣ бо рақам ва Пин коди нав пешниҳод мешавад. Ҳангоми аз нав баровардардани корт вобаста ба итмом расидани мӯҳлати истифодабарии корт бо ҳамон рақам, вале Пин -коди нав дода мешавад.




    Хизматрасонии корти пардохтӣ чи кадар арзиш дорад ва чанд сол онро метавон истифода бурд?

    Хизматрасонии корт ба мӯҳлати 1-2 ва 3 сол бароварда мешавад. Арзиши он чунин аст:
    Намуди корт                             1 сол    2 сол    3 сол
    Корти пардохти миллӣ      10 сомони    15 сомони    20 сомони
    Visa Electron Non Pers.      40 сомони    50 сомони                           
    Visa Electron                   20 сомони      30 сомони   
    Visa Classic                90 сомони      130 сомони   
    Visa Gold                150 сомони    200 сомони   
                                                     






    Барои кадом кортҳои пардохтӣ амонати суғуртавӣ лозим аст?

    Амонати суғуртавӣ ҳангоми истифодаи корти пардохтии  МПС Visa Classic – 500 сомони и Visa Gold – 1000 сомони лозим аст  






    Ое мумкин аст, ки ба номи худ дигар кортҳои пардохтии иловагиро гирем?

      Ҳа, барои ин бояд бо аризаба бонк муроҷиат намуд.





      Агар ман Пин-кодро фаромӯш созам, чи бояд кард?

      Хуб мешуд агар Пин кодро дар хотир нигоҳ дошт, е дар ҷои маҳфуз навишта монд. Дар сурати дигар барои корти нав бояд ариза навишт ва дар он сабаби онро қайд намуд.  




      Агар пин код (калимаи махфӣ) аз хотир фаромȳш гардад, чӣ кор бояд кард?

      Пеш аз ҳама Шумо пешакӣ пин-кодро дар худ нигоҳ доред. Вале дар сурати фаромȳш шудан шумо  бояд аризаро барои пешниҳоди корт бо қайд кардани сабаб пешниҳод намоед.




      Чи бояд кард, агар банкомат кортро мусодира кард?

      Дар навбати аввал бояд ба телефони 44 600-0-600 занг зада корти худро муҳосира намоед.Дар сурате, ки агар корти шумо дар даруни банкомат боқӣ мондааст, ба маркази наздиктарини хизматрасонии Бонки  Эсхата муроҷиат намуда, аризаи баргардонидани кортро пешниҳод созед. Баъди оне ки корт аз даруни банкомат гирифта мешавад, ба соҳибаш баргардонида хоҳад шуд. Агар корти шумо дар банкомати дигар бонк мусодира шуда бошад, пас бояд ба ҳамон бонк муроҷиат намоед. Агар Бонк баргардонидани корти шуморо рад созад, шумо бояд ба Маркази тамос занг зада бо арз муроҷиат намоед.




      Ба корти ман аз хориҷа маблағ интиқол шуданаш ое мумкин аст?

      Ҳа, барои ин шумо бояд ба шахси интиқолдиҳанда реквизити пурраи кортро хабар диҳед. 





      Дар кадом шаҳрҳо кортҳои пардохтии бонки шумо истифода бурда мешаванд?

      Кортҳои миллӣ танҳо дар ҳудуди ҶТ, кортҳои VISA дар тамоми ҷаҳон, ки логотипи МПС VISA дорад.




      Кадом намуди кортҳоро банкоматҳои шумо хизматрасонӣ мекунанд?

      Ба ғайр аз кортҳои пардохти миллӣ, банкоматҳои мо боз ду низомҳои пардохтии байналхалқиро хизмат мерасонанд. Visa ва China Union Card.




      Кадом кортҳоро банкомати бонки шумо қабул намекунад ва барои чи?

      Банкоматҳои  Бонки Эсхата котрҳои  Мaster Card, American Express, Dinners Club, STB, Union Cart қабул намекунанд ва сабаби он набудани аъзогии Бонк бо ин низомҳои пардохтӣ ба ҳисоб меравад.




      Маблағи зиёдтарин ва камтарине, ки аз банкомат гирифтан мумкин аст, чӣ қадар аст?

      Бо доллари амрикоӣ: аз 10$ то 200$
      в сомони: аз 10 сомони то 700 сомони.




      Баъди чи қадар вақт мизоҷ маблағи худро пас аз пур кардани корт гирифта метавонад?

      Баъди як соати пур кардани корт дар ҳудуди ҶТ.




      Оё шахси ҳуқуқӣ метавонад, ки корти пардохтиро дастрас кунад?

      Корти пардохтӣ ба мизоҷ танҳо ҳамчун шахси воқеӣ пардохта мешавад.





      Ҳангоми аз банкомат гирифтани маблағи накд, чӣ қадар комиссия ситонида мешавад (барои шахси вокеӣ)?

      Бо доллари амрикоӣ – 5% (Корти миллӣ)
      2% барои дигар намуди корт
      Бо асъори миллӣ – 0,5 % (барои ҳамаи намуди кортҳо)






      Ҳангоми аз банкомати дигар маблағ гирифтан, комиссия чи қадар аст?

      То 200 доллари ИМА- 4 доллар
      Зиеда аз 200 доллар -  комиссия то 2% аз ҳаҷми маблағ.




      Аз банкомати бонки шумо ба фоидаи бонки дигар чӣ кадар комиссия ситонида мешавад?

      Пули нақд бо асъори миллӣ ва хориҷӣ (доллари ИМА ) (АТМ) – 0%
      Пули нақд бо пули миллӣ ва доллари ИМА (ПВН) – 1%






      Чӣ бояд кард агар корти пардохтӣ гум шудааст е шикастааст?

      Шумо бояд ҳар чи тезтар барои муҳосира кардани корт ба бонк муроҷиат намоед ва давоми панҷ рузи корӣ бо қайд намудани сабабҳои зиен ариза пешниҳод намоед.
      Барориши корти нав 45 сомониро ташкил медиҳад.



      ба боло