Лизинг

Лизинг

Мизоҷони мӯӽтарам!

ҶСК «Бонки Эсхата» маӽсулоти нави бонкии «Лизинг»-ро пешкаш медорад.

Шартӽои лизинг:

  • Ӽаҷми маблағгузорӣ: то 50 000 $ ИМА, мутаносибан ба сомони;
  • Мӯӽлати лизинг: аз 12 то 36 моӽ;
  • Пешпардохти мизоҷ (аванс) –  аз 30 % аз нархи амвол;
  • Фоиз –дар асоси шартномаи лизинг;
  • Амвол бояд дар ширкати суғуртавӣ суғурта карда шавад;
  • Комиссия – надорад;
  • БЕ ГАРАВ.

Намуди амволҳои зерин ба иҷораи молияви пешниҳод мешавад:

  • Нақлиети боркашонӣ;
  • Техникаи сохтмонӣ;
  • Техникаи хоҷагии қишлоқ.

Ҳамаи амволҳои ба иҷораи молияви пешниҳод мешуда, бояд ҳолати хуби техникӣ дошта бошад.

Талабот ба мизоҷ:

  • Шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ;
  • Дар ҳолати мавҷудияти на кам аз 1 (як) амволи хусусӣ ё ин, ки тиҷорати даромаднокмаблағи пешпардохт аз 30 %;
  • Дар ҳолати мавҷудияти таҷрибаи касбӣ (на кам аз 1 сол) ва надоштани амволи хусусӣ маблағи пешпардохт аз 50 %.

Талабот ба фурӯшандаҳои амволи лизинг:

Ҷои ҷойгиршавӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Афзалиятҳои лизинг:

  •  Усули самаранок барои беӽтаргардонии воситаӽои асоси
  •  Аз иҷораи муқаррарӣ арзонтар аст;
  • Бе гарав;
  • Ба расмият даровардани лизинг нисбат ба карз тез ва осонтар аст;

Намунаи ӽисоби иҷораи автомашинаи Мерседес Спринтер дар муқоиса бо лизинг:

Нақлиет

Нархи бозорӣ

(сомонӣ)

Маблағгузории бонк

(сомонӣ)

Иҷора

(сомонӣ)

Лизинг

(сомонӣ)

Мерседес Спринтер

70000

49000

2200

2188*

 *меъёри пардохт бо назардошти маблағгузории Бонки ӽисоб карда шудааст.

Лизинг аз иҷораи муқаррарӣ бартарӣ дорад! 

Маълумоти муфассал тариқи рақами кӯтоӽи 808!

Барои маълумот: Лизинг чист?

«Лизинг» калимаи англисӣ буда, ӽамчун иҷора тарҷума карда мешавад. Дар ӽақиқат ӽангоми иҷро кардани амалиётӽои лизингӣ молу мулк барои истифодабарии муваққатӣ супорида мешавад, аммо нисбат ба иҷораи муқарарӣ, истифодабаранда ӽуқуқ дорад дар оянда соӽиби моли лизингӣ шавад.

Шартномаи лизинг – аҳди хаттие, ки мутобиқи он лизингдеҳ ӯҳдадор мешавад молу мулки нишондодаи лизинггирро аз фурӯшандае, ки ҳамин лизинггир муайян кардааст, ҳамчун моликият харидорӣ намуда, онро барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатии бо пардохт барои мақсадҳои соҳибкорӣ ба лизинггир пешниҳод намояд.

Иштирокчиёни асосии амалиёти лизинги инҳо аст:

Лизингдеҳ - шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфиродие, ки аз ҳисоби маблағҳои ҷалбгардида ё худи дар ҷараёни татбиқи шартномаи лизинг молу мулкро ба моликият мехарад ва онро ба сифати предмети лизинг ба лизинггир ба ивази маблағи муайян ба мӯҳлат ва бо шартҳои муайян барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ бо гузаштан ё нагузаштани ҳуқуқи моликият ба предмети лизинг ба лизинггир медиҳад.

Лизинггир - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки мутобиқи шартномаи лизинг вазифадор аст, предмети лизингро ба ивази маблағи муайян ба мӯҳлат ва бо шартҳои муайян барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ қабул намояд.

Фурӯшанда - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки мутобиқи шартнома молу мулкро, ки предмети лизинг ҳисоб мешавад, ба лизингдеҳ дар мӯҳлати шартгардида мефурӯшад.

Суғуртакунанда – ин ширкати суғуртавӣ, ки предмети лизингро мувофиқи шартҳои шартномаи лизинг суғурта менамояд. Он дар амалиёти лизингӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии суғуртавӣ барои таҷҳизот, техника, нақлиёт ва дигар намуди дороиҳо иштирок менамояд ва хавфҳои эҳтимолиро вобаста ба предмети лизинг ва/ё амалиёти лизингӣ мепушонад.

Бонки Эсхатаро интихоб намоед! Чаро?

Бонки Эсхата яке аз муассисаӽои молиявии пешсафи Точикистон буда, дар радифи хамаи хизматрасонихои бонки, инчунин наклиети тичоратиро ба таври лизинг пешкаш медорад.

Маблағгузорӣ бо дастгирии молиявии Фонди махсуси саӽомони БАТР амалӣ мегардад.

Бонки Эсхата тули фаъолияти 23 солааш худро ӽамчун шарики боэътимоди стратегӣ дар бозори бонкии кишвар муаррифӣ кардааст ва махсулоти лизингӣ истисно нест.

Мизоҷон метавонанд бе гарав ва бо давраи имтиезнок аз лизинг истифода намоянд. Чадвали пардохт бошад бо назардошти талаботӽои шахсӣ ва хусусияти фаъолияти мизоҷ тартиб дода мешавад.


ба боло