Лоиҳаи музди меҳнат

ҶСК «Бонки Эсхата» барои корхонаҳо ва ташкилотҳои сохторашон гуногун, хизматрасонии пардохти музди меҳнатро тариқи кортҳои пардохтии бонкӣ пешниҳод менамояд.

Лоиҳаи мазкур барои ташкилот чунин имкониятҳо медиҳад:

  • Саривақт ворид намудан ва пардохт кардани маоши кормандон тариқи  Банкомат ва ПОС-терминалҳо;
  • Таъмин намудани махфияти маълумот оиди ҳаҷми маоши кормандон;
  • Кам кардани ҳаҷми хароҷоти корхона ва ҳал намудани масъалаи ҳамлу нақли дороиҳо ва нигоҳдории он;
  • Озод шудан аз мушкилии маблағҳои аз тарафи кормандон гирифта нашуда ва кам намудани хароҷоти хазинавӣ;
  • Баланд бардоштани нуфузи ташкилот аз ҳисоби истифодабарии технологияҳои замонавӣ ва пешқадам;
  • Таъмин намудани хизматрасонии шабонарузӣ тариқи банкоматҳо барои кормандон. Новобаста аз соати кории бонк, кормандон метавонанд маблағҳои дар корти пардохтии бонкӣ доштаи худро гиранд;
  • Нест кардани навбат дар назди хазинаи ташкилот ҳангоми тариқи нақдӣ гирифтани маош дар рузҳои гузаронидани музди меҳнат.

Кормандони ташкилот чунин имконият ба даст меоранд:

  • Гирифтани маоши худ аз хамаи шабакаҳои терминалии Бонк;
  • Пардохт кардани маҳсулотҳои харидашуда ва хизматрасониҳо бо корти пардохтии бонкӣ дар мағозаҳо тариқи ПОС-терминал;
  • Нест кардани хавфи гум шудани маблағ ҳангоми гум кардани корти пардохтии бонкӣ;
  • Доштани кафолат оиди ҳаҷми даромад;
  • Мувофиқи талаботи корманд сарф намудани маблағи дар корт буда. Беруннависӣ (выписка) бонк, имконияти банақшагирии маблағҳои худро барои корманд дастрас менамояд.
  • Гирифтани маблағи дилхоҳ ҳангоми гузаронидани амалиёт;
  • Новобаста аз ҷои қарордошта имконияти гирифтани маблағҳои худ (сафари хизматӣ, рухасатии меҳнатӣ, рухсатии табобатӣ ва ғ.).

Хаққи хизматрасонӣ

  • Хаққи хизматрасонӣ барои гузаронидани маблағ ба суратҳисоби корти пардохтӣ ҳамагӣ 0,3% ташкил медиҳад.
  • Омода намудани корти пардохтӣ мувофиқи шартномаи лоиҳавӣ бе гирифтани хаққи хизматрасонӣ иҷро карда мешавад.
  • Ба бақияи дар суратҳисоби корти пластикӣ буда 3% солона ҷамъ карда мешавад.

ба боло