Хизматрасонии «Интернет-бонк »

client_bank.jpg
Бонки Эсхата ба мизоҷони худ- шахсони ҳуқукӣ низоми Интернет Бонк- хизматрасонии қулаи дистансионие, ки барои хизматрасониҳои электронии бонкӣ тариқи шабакаи интернет амалӣ мегардад, пешниҳод дорад.

Интернет-бонк
Ин барномаи бисёрфунксионалӣ барои ташкили хизматрасонии электронии мизоҷони бонк бо ёрии интернет тариқи компютерҳои шахсӣ ва ноутбук. 

Низоми Интернет - Бонк ба Шумо имконияти идоракунии дистансионии маблағҳоро медиҳад, ки аз тамоми гȳшаву канори ҷумҳурӣ бе зарурати ташриф ба бонк амалӣ карда мешавад.
Низоми Интернет-Бонк амалиётҳои бонкии зеринро иҷро мекунад:


Амалиётҳои интиқолӣ

  • Интиқоли пулӣ бо пули миллӣ дар ҳудуди ҶТ;
  • Интиқоли пулӣ бо асъори хориҷӣ (рубли ФР, доллари ИМА, Евро);
  • Интиқоли маблағ аз суратҳисоб ба суратҳисоби корти пардохтӣ ва баръакс;
  • Интиқоли маблағ барои пардохти музди меҳнати кормандон

Амалиётҳои мубодилавӣ

  • Харид ва фуруши асъор (рубли ФР, доллари ИМА, Евро).

Пардохти хизматрасониҳо

  • Гирифтани маълумотнома аз рȳи суратҳисобҳо;
  • Гирифтани маълумот оиди суратҳисобҳои пасандозии шумо;
  • Қурби асъор;

«Интернет-Бонк» – ин:

Манфиатнок

  • Пайвастшавии бепул;
  • Пардохти абонентӣ надорад;
  • Сарфаи вақти Шумо.

Оддӣ

  • Барои пайвастшавӣ ба Интернет-Бонк пур кардани ариза ва бастани шартнома зарур аст.
  • Барои истифодабарии низом маҳорат ва дониши махсус лозим нест.

Дастрас ва тез

  • Шумо аз вазъи суратҳисобҳо ва ҳаракати маблағҳоятон аз хона ва ё ҷои корӣ набаромада хабардор мегардед.
  • Барои даромад ба низом танҳо дастрасии шумо ба интернет лозим аст.

Бехатар

  • Се дараҷаи бехатарӣ: логин, рақами махфӣ ва криптоключ.

 

ба боло