pko_2014_09.jpg
Хизматрасонии хазинавию ҳисоббаробаркунӣ

Бонки Эсхата технологияҳои пешрафтаи бонкиро истифода бурда, вазифаи асосиро баҳри қаноатмандии талаботи мизоҷон дар хизматрасонии хазинавию ҳисоббаробаркунӣ ҳам бо асъори миллӣ ва ҳам бо асъори хориҷӣ ҷорӣ намудааст. 

Муносибати фардӣ ба ҳар як мизоҷ ва гузаронидани амалиётҳои саривақтӣ боиси қаноатмандии мизоҷон мегардад. Имконияти амалӣ кардани пардохтҳо аз рȳи системаи байналхалқии ҳисоббаробаркунии SWIFT ба иҷрои саривақтии корҳои баҳисобгирию амалиётӣ мусоидат мекунад. Суратҳисобҳо дар Сарбонк ҳамзамон дар ҳамаи филиалҳои бонк ҳангоми пешниҳоди хуҷҷатҳои зарурӣ кушода мешаванд.

Номгȳи ҳуҷҷатҳо барои кушодани суратҳисоб:

Барои шахсони ҳуқуқӣ-резидентҳо

  • Ариза барои кушодани суратҳисоб (аз ҷониби бонк дода мешавад);
  • Шартномаи суратҳисоби бонкӣ (аз ҷониби бонк дода мешавад);
  • Варақа бо намунаи имзо ва нусхаи мȳҳр аз ҷониби нотариалӣ тасдиқ шуда  2 нусха.;
  • Нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ  (Шаҳодатнома);
  • Нусхаи оиннома, низомнома ва ҳуҷҷатҳои муасисӣ аз ҷониби худи корхона тасдиқ гардида;
  • Нусхаи РМА;
  • Мактуби Ахборотӣ аз Нозироти андоз (асл);
  • Нусхаи шиносномаи шахсони масъул;
  • Нусхаи пайнавишт дар бораи фармони таъин гардидани роҳбар ва сармуҳосиби шахси хуқуқӣ;
  • Нусхаи РМА  шахсони масъул;
  • Иқтибос

 Барои хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ:

  • Аризаи кушодани суратҳисоб;
  • Шаҳодатнома дар бораи қайди давлатии шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ;
  • Варақа бо намунаи имзо ва нусхаи мȳҳр аз ҷониби нотариалӣ тасдиқ шуда  2 нусха.;
  • Нусхаи РМА;
  • Нусхаи шиносномаи шахсони масъул;
  • Мактуби Ахборотӣ аз Нозироти андоз (асл);
  • Нусхаи пайнавишт дар бораи фармони таъин гардидани роҳбар ва сармуҳосиби шахси хуқуқӣ;
  • Шартномаи суратҳисоби бонкӣ;
  • Нусхаи сертификати  замин;

Барои шахсони ҳуқуқӣ-ғайрирезидентҳо:

  • Ариза барои кушодани суратҳисоб (аз ҷониби бонк дода мешавад);
  • Шартномаи суратҳисоби бонкӣ (аз ҷониби бонк дода мешавад);
  • Варақа бо намунаи имзо ва нусхаи мȳҳр аз ҷониби нотариалӣ тасдиқ шуда  2 нусха.;
  • Нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ  (Шаҳодатнома);
  • Нусхаи оиннома, низомнома ва ҳуҷҷатҳои муасисӣ аз ҷониби нотариалӣ тасдиқ гардида;
  • Нусхаи РМА;
  • Мактуби Ахборотӣ аз Нозироти андоз (асл);
  • Нусхаи шиносномаи шахсони масъул;
  • Нусхаи пайнавишт дар бораи фармони таъин гардидани роҳбар ва сармуҳосиби шахси хуқуқӣ;
  • Нусхаи РМА  шахсони масъул;
  • Ваколатномае, ки аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ - ғайрирезидент ба роҳбари филиал ё намояндагӣ бо забони давлатӣ дода шуда аз тарафи он тасдиқ  шудааст; 
  • Нусхаи  рухсатномаи  мақоми  ваколатдори  кишвари  ғайрирезидент  барои кушодани суратҳисоби бонкӣ дар   давлатҳои хориҷӣ,  ки дар сафорати (консулгарии) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ё дар сафорати (консулгарии) кишвари ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ шудааст.

Барои шахсони воқеъӣ (соҳибкорони инфиродӣ) -резидентҳо: 

  • Аризаи кушодани суратҳисоб;
  • Шартномаи суратҳисоби бонкӣ (аз ҷониби бонк дода мешавад)
  • Варақа бо намунаи имзо ва нусхаи мȳҳр аз ҷониби нотариалӣ тасдиқ шуда 2 нусха.;
  • Нусхаи шаҳодатнома дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ;
  • Нусхаи РМА;
  • Нусхаи шиносномаи шахсони масъул;
  • Мактуби Ахборотӣ аз Нозироти андоз;

ба боло