СИЁСАТ С-002:2016

оиди пешгирии софкории маблағ ва маблағгузории терроризм

 дар ҶСК «Бонки Эсхата»

(Таҳрири 03)



    1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Сиёсати мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» (минбаъд-Қонун) таҳия гардида, тартиби ташкил ва амалӣ гаштани назорати дохилиро дар самти пешгирии софкории маблағ ва маблағгузории терроризм  аз ҷониби ҶСК «Бонки Эсхата (минбаъд-Бонк) муайян менамояд.
1.2. Амали Сиёсати мазкур ҳамаи воҳидҳои сохториро фаро гирифта, ҳадафҳои асосӣ, вазифа ва талаботро дар самти пешгирии софкории маблағ ва маблағгузории терроризм (минбаъд-ПСМ/МТ) муайян менамояд.
1.3. Иҷрои талаботҳои сиёсати мазкур ба тамоми кормандон ва мизоҷони бонк, ки бо таъмин намудани амалиётҳо бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк сару кор доранд тадбиқ карда мешавад.

2. Ҳадафҳои асосӣ доир ба назорати дохилӣ бо мақсади ПСМ/МТ

2.1. Назорати дохилӣ дар самти ПСМ/МТ бо мақсади таъмин намудани иҷрои талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, барои муайян ва идора намудани хавфҳое, ки бо ПСМ/МТ алоқаманд мебошад, равона карда шудааст.
2.2. Роҳ надодани Бонк барои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм.
2.3. Пешгирӣ намудани хавфҳои молиявӣ, ҳуқуқӣ ва нуфузии бо муомилоти пулӣ вобаста, ҳангоми иҷро намудани амалиётҳои бонкӣ.
    2.4. Таъмин ва аз ҷониби кормандони Бонк дар амал тадбиқ намудани талаботҳои Сиёсат, бо назардошти хусусиятҳои зерин:
а)    иштироки кормандон дар рафти амалӣ намудани назорати дохилӣ дар самти ПСМ/МТ;
б)    риоя намудани талаботи сирри бонкӣ ва махфӣ нигоҳ доштани маълумотҳое, ки дар рафти амалӣ намудани назорати дохилӣ бо мақсади ПСМ/МТ, ба даст оварда шуданд;
в)    пешгирӣ намудани иштироки кормандони Бонк дар самти қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳо бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм.

    3. Қоидаҳои назорати дохилӣ бо мақсади ПСМ/МТ

3.1. Дар Бонк барои ҷорӣ намудани Низоми назорати дохилӣ бо мақсади ПСМ/МТ Қоидаҳои назорати дохилӣ таҳия карда мешавад, ки чунин барномаҳоро дар бар мегиранд:
а)    Тартиби мушаххас намудани мизоҷон;
б)    Хусусиятҳои муайян намудани аслияти мизоҷ ва шахсияти молик-бенефитсиар, ҳангоми анҷом додани намудҳои алоҳидаи амалиёт (аҳд);
в)    Амалиётҳои ҳатман назорат шаванда ва тартиби ошкор намудани амалиётҳои шубҳанок;
г)    Тартиби баҳодиҳии дараҷаи (сатҳи) хавфи қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва мабалағгузории терроризм;
д)    Тартиби боздоштани амалиёт;
е)    Тартиби омӯзиши кормандони Бонк дар самти ПСМ/МТ.
3.2. Дар Бонк барои коркард ва дар амал татбиқ намудани Қоидаи назорати дохилӣ дар самти ПСМ/МТ шахси масъули Бонк таъин карда мешавад.

4.    Талаботҳои умумӣ

4.1.    Кормандони Бонк ҳангоми хизматрасонӣ ба мизоҷ бояд:
а)    шахсияти мизоҷро муайян ва санҷиш кунад, яъне чорабиниҳоро барои муайян кардани шахсияти мизоҷ анҷом диҳанд;
б)    шахсияти молик-бенефитсиарро муайян намоянд ва бисанҷанд;
в)    дар бораи ҳадафҳо ва хусусияти эҳтимолии муносибатҳои корӣ маълумот гиранд;
г)    муносибатҳои кориро мунтазам тафтиш карда, дар рафти амалӣ намудани чунин муносибатҳо амалиёти бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк иҷрошавандаро аниқ омӯзанд;
д)    на камтар аз як маротиба дар се сол маълумотҳоеро, ки аз мизоҷ гирифта шудааст, нав намоянд.
4.2.    Бонк дар ҳолатҳои зерин, бастани шартномаи суратҳисоби бонкӣ (пасандозӣ) бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, рад менамояд:
а)    мавҷуд набудани шахси ҳуқуқӣ дар мавқеи ҷойгиршавӣ, мақомоти доимоамалкунандаи идоракунии вай, мақомоти дигар ё шахсоне, ки ҳуқуқ доранд аз номи шахси ҳуқуқӣ бе ваколатнома баромад намоянд;
б)    аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод нагаштани ҳуҷҷатҳо, ки маълумотҳои заруриро барои ба қайд гирифтани иттилоот мутобиқи санадҳои-меъёри ҳуқуқии БМТ тасдиқ менамоянд;
в)    аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод намудани маълумотҳои нодуруст;
г)    мавҷуд будани маълумот оид ба иштироки шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар фаъолияти террористӣ;
4.3.    Ба кормандони Бонк, ҳангоми амалӣ намудани Қоидаҳои назорати дохилӣ, манъ аст:
а)    кушодан ё ба кор бурдани суратҳисобҳои (пасандозҳои) вуҷуддошта ба номи моликони номаълум;
б)    кушодани суратҳисобҳо (пасандозҳо) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, алалхусус бе иштироки амалии мизоҷ ё намояндаи ӯ, ки суратҳисобро (пасандоз), мекушояд;
в)    ба роҳ мондани муносибатҳои мустақими муросилотӣ ё идома додани ин гуна муносибатҳо бо ташкилотҳои қарзӣ – ғайрирезидентҳо, ки дар ҳудуди давлате, ки ба қайд гирифта шудаанд, мақомоти доимоамалкунандаи идоракуни надоранд;
г)    хабардор намудани мизоҷони Бонк ва дигар шахсон оид ба намуд, тарз ва усули амали намудани Қоидаҳои назорати дохилӣ дар Бонк;
4.4.    Кормандони Бонк, ки ба онҳо, ҳангоми гузаронидани амалиётҳо, ҳолатҳои вайрон намудани қонунгузории ҶТ дар самти ПСМ/МТ ба назар мерасад, фавран дар шакли хаттӣ/электронӣ воқеаро ба маълумоти Директори филиал/Сардори Идораи амалиётӣ ва сохтори ваколатдори Бонк дар самти ПСМ/МТ мерасонад.
4.5.    Дар навбати худ корманди сохтори ваколатдори Бонк дар самти ПСМ/МТ, Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистонро, оиди ҳолати муайян намуда хабардор менамояд.
4.6.    Хизматрасонӣ ба шахсони сиёсии бонуфузи хориҷӣ танҳо дар асоси иҷозати хаттии Раиси Раёсат ва ё муовини ӯ, инчунин директори филиал/сардори Идораи амалиётӣ , сардори шӯъбаи алоҳида, ки аз ҷониби Раиси Раёсат ваколат дода шудааст, амалӣ карда мешавад.

5.    Масъулият

5.1.    Ҳамаи кормандони Бонк доир ба риоя намудани сисёсати мазкур масъулиятнок мебошанд.
5.2.    Назорати умумӣ барои тартиби фаъолияти ПСМ/МТ ва татбиқи Сиёсати мазкур ба зиммаи сохтори ваколатдори Бонк дар самти ПСМ/МТ вогузор карда мешавад.
5.3.    Корманди сохтори ваколатдори Бонк дар самти ПСМ/МТ фаъолияти худро мувофиқи Қоидаҳои назорати дохилӣ ва дастурамали мансабии худ ба роҳ мемонад.
5.4.    Мутасаддӣ барои таъмини иҷрои Қоидаҳои назорати дохилӣ дар филиалҳо/Идораи амалиётӣ, директори филиал/сардори Идораи амалиётӣ ё шахси масъули филиал ба ҳисоб меравад.

6.    Назорати дохила ва комплаенс

6.1.    Назорати дохилӣ ва комплаенс сохтори асосие мебошад, ки тавассути он Бонк метавонад иҷрои талаботи Сиёсати мазкур ва муайян намудани амалҳои шубҳанокро вобаста ба қонунигардонии даромадҳо тафтиш карда тавонад.
6.2.    Назорати дохила ва комплаенс ба нақшаи ҳарсолаи аудит доир ба риоя намудани талаботҳои Сиёсати мазкур дохил намуда, аз натиҷаи он ба Шӯрои нозирон ҳисобот пешниҳод мекун


ба боло