Бачаҳои мо бори дигар собит карданд, ки дар футбол беҳтаринанд!
15.10.2020

Бачаҳои мо бори дигар собит карданд, ки дар футбол беҳтаринанд!

Дастаи кормандони филиали ҶСК «Бонки Эсхата» дар ш.Кӯлоб дар мусобиқаи футболи хурд, ки аз ҷониби Formulla55cub ташкил карда шудааст, ширкат варзида, дар байни дастаҳои мусобиқа ҷои 1-умро ишғол намуда, соҳиби ҷоми мусобиқа ва унвони чемпион гардиданд.

Ин аввалин бозии дастаи "Бонки Эсхата" дар ин мусобиқа буд, ки дар он 16 дастаҳои пурқувват аз ҳама гуна соҳаҳо ширкат варзиданд.
Мо дастаи футболбозони филиали Бонки Эсхата дар ш.Кӯлобро табрик мегӯем ва ба онҳо дастовардҳои минбаъдаи варзишӣ ва касбиро таманно дорем!

Ғалабаи бачаҳои мо дар мусобиқаи футбол бори дигар исбот мекунад, ки кормандони Бонки Эсхата яке аз беҳтарин футболбозон мебошанд. Ва тавре ки мегӯянд: "Ақли солим, дар тани солим аст!" - пас онҳо медонанд, ки чӣ бояд кор кард!

Сарчашма: https://www.facebook.com/F55Tajikistan/posts/212531613630205

  


Возврат к списку

ба боло